Зани тоҷик бар асари 18 зарбаи корд дар Русия ҷон додааст
Хабаргузории “Интерфакс” мегӯяд, дар ин бора ба кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав тақрибан соати 14:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ нафаре аз ҷой ҳодиса хабар додааст.
Ба қавли шоҳиди ҳодиса марде дар гардишгоҳи кӯчаи Орликов 5 ба бадани зан чанд бор бо корд мезанад. То расидани кормандони ҳифзи ҳуқуқ зан дар чой ҳодиса аз ҷароҳати зиёд ҷон медиҳад.
Дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав як марди гумонбар ба ин ҳодиса дастгир карда шудааст. Ин мард худро низ бо корд захмӣ намуда баъдан ба воситаи мошини махсус ба бемористон интиқол дода шуд.