Қирғизистон "мусаллаҳ" мешавад
Вазорати дифои Қирғизистон аз Русия талаб намудааст, ки ба ин кишвар таҷҳизоти вазнини низомӣ бидиҳад.
Тавре Бусурманқул Табалдиев, котиби Шӯрои мудофиаи Қирғизистон, ба расонаҳои ин кишвар хабар додааст, Бишкек аз Русия асосан тачҳизоти низомии вазнин, аз қабили танку тӯп талаб намудааст. Ин масъули Шӯрои мудофиаи Қирғизистон, таъкид кардааст, ки руйхати аслиҳаи талабкардаи Бишкек айни ҳол аз ҷониби Маскав мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ин дархости Бишкек, дар ҳолест, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳангоми имзои созишнома дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомӣ дар Қирғизистон, ба мақомоти ин кишвар кӯмаки низомӣ ва бунёди яке аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ, “Қамбарото”-ро ваъда дода буд.