Боҷи содиротии сӯзишворӣ коҳиш ёфт
Шурӯъ аз аввали моҳи равон Русия боҷи содиротии маҳсулоти нафтиашро каме коҳиш додааст.
Боҷи содиротӣ барои ҳар тонна бензин, ки то кунун 415,8 доллар буд, ҳоло 400,5 доллар таъйин шудааст.
Хабаргузории «РИА Новости»-и Русия менависад, «аз 1 май боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ дар кишвар якбора 44 дарсад боло бурда шуда буд, ки ин тасмим ба мамлакатҳои воридкунанда таъсири манфии иқтисодӣ расонид». Дар ҳамин ҳол, баробари боло рафтани боҷи гумрукии маҳсулоти нафтии Русия нархи бензин ҳам дар Тоҷикистон боло рафта, ҳамакнун арзиши 1 литр бензини навъи «АИ-95» дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба 6 сомониву 50 дирам баробар гардид.
Тибқи омори расмӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар 5 моҳи аввали соли равон 11 дарсад кам шудааст, ки низ аз натоиҷи боло рафтани боҷҳои Русия дониста мешавад. Гуфта мешавад, тайи ин муддат Тоҷикистон 215 ҳазор тонна сӯзишворӣ аз хориҷи кишвар ворид кардааст. {jathumbnail off}