Ҳазорон сокини Қирғизистон дар майдони марказии шаҳри Бишкек аз Рӯзи паарчами миллӣ таҷлил карданд. Вазири кор, муҳоҷират ва ҷавонони Қирғизистон, Алиясбек Алимқулов, гуфт, ки “ин рӯз дар тамоми манотиқи кишвар таҷлил мешавад ва моро зери як парчам муттаҳид месозад.”
Рӯзи парчами миллӣ дар Қирғизистон аз соли 2010 ба ин сӯ дар рӯзи 3-юми март ҷашн гирифта мешавад. Мақомоти қирғиз гуфтанд, аз сабаби он ки севуми март ба рӯзи якшанбе рост омад, Рӯзи парчамро чоруми март (душанбе) таҷлил карданд.
Дар Тоҷикистон ҳам Рӯзи парчами миллиро бо шукӯҳи хос таҷлил мекунанд ва ҳоло ин кишвари Осиёи Марказӣ соҳиби баландтарин сутуни парчам дар ҷаҳон аст.