Номаи Имрӯз News: "Ҳукми додгоҳ ғайриқонунӣ аст"
“Имрӯз Нюз” бо ирсоли як нома ба Додгоҳи олии Тоҷикистон, вазири адлия, Созмони Милал, САҲА ва созмонҳои журналистӣ ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ нисбат ба ин нашрияро ғайриқонунӣ хондааст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 25-уми феврали соли ҷорӣ баҳси миёни Рустам Ҳукумов, писари раиси идораи Роҳи оҳан бо нашрияи “Имрӯз Нюз”-ро поён бурда, дувумиро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷуброн муваззаф кард. “Имрӯз Нюз” дар номаи худ мегӯяд, “тасмимгирии якҷонибаи судро оид ба қонеъ кардани даъвои Рустам Ҳукумов маҳкум мекунем.”
Кормандони "Имрӯз Нюз" мегӯянд, дар ҷараёни баргузории ин мурофиа, ки охири моҳи январ шурӯъ шуд, дар чанд ҳолат бо қозии парванда ба мушкил рӯбарӯ шудаанд. “Ҳолати аввал ҳангоми супоридани ордер рӯй дод. Ҳолати дувум замоне буд, ки судя талаботи моро оид ба баргузории шакли кушодаи мурофиаи судӣ ба инобат нагирифт. Ҳолати саввум ба дастраскунии Қарори Суди вилояти Маскав иртибот дорад, ки онро ҷониби даъвогар ҳамчун замима ба аризаи даъвогӣ ворид кардааст. Ҳолати дигар рад карда шудани ду дархост оид ба ташхиси лингвистикии мақола ва супориши судӣ мебошад.”
Аз ин рӯ, “Имрӯз Нюз” ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо баёнгари адолату инсоф надониста, онро “ғайриодилона ва ғайриқонунӣ” ҳисобидааст. “Ин ҳукм сад дар сад адолати судиро дар Тоҷикистон зери суол бурд”,-омадааст дар нома.
Дар охир, ҳайати эҷодии “Имрӯз Нюз” изҳори умед кардаанд, ки “ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон, созмонҳои рӯзноманигорӣ, сафоратҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон нисбат ба ин ҳукм бетараф нестанд ва ба ин қазия холисона дахолат карда, адолати судӣ ва адолати иҷтимоиро дар кишвар барқарор мекунанд.”