"Пул даркор не. Пилларо барои ҳезум мегирам"
Дар Тоҷикистон солҳост, ки пилла парвариш карда мешавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 43 ноҳия, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 23, Суғд 12 ва 8 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба кирмакпарварӣ машғуланд. Дар даврони Шӯравӣ ин соҳа хеле рушд карда буд, аммо алъон дар кишвар мавқеи худро як андозае аз даст додааст.
Дар замони Шӯравӣ, пилла аз ҷониби "колхоз"- у "совхоз"- ҳо парвариш мегардиданд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣниз Тоҷикистон ин суннатро идома дод. Ба ҷои "колхоз"- у "совхоз", алъон кирмакҳоро хоҷагиҳои деҳқонӣпарвариш мекунанд. Дар даврони Шӯравӣба ноҳияҳои пиллапарвар "план" муқаррар меагрдид, ки иҷрояш барои ҳама ҳатмӣҳисоб меёфт. Ва агар рафту "палан"-ро буд накунанд, ҷарима карда мешуданд.
Раиси идораи "Пилла" дар вилояти Суғд Маҳмудҷон Исоев мегӯяд, яке аз мушкилиҳое, ки дар соҳа вуҷуд дорад, кам гардидани сафи кирмакпарварон мебошад: Даҳ соли охирро, агар муқоиса кунем, кирмакпарварон дар вилоят 11 000 ҳазор нафар кам шудаанд. Лекин инро мо соли гузашта боз доштем. Масалан, назар ба соли 2011- ум дар соли сипаригашта 172 нафар кирмакпарваронро зиёд кардем- гуфт дар нишасти матбуотӣ Исоев.
Яке аз сабаби кам гардидани кирмакпарваронро як сокини ноҳияи Зафаробод Саида Норова, ки зиёда аз даҳ сол мешавад, хоҷагии деҳқонӣдорад, дар сӯҳбат бо мо чунин шарҳ дод: Мо мехоҳем, ё ин ки не бояд кирмак бигирем ва парвариш намоем. Барои он ки дар хоҷагии деҳқонӣкор мекунем. Пиллапарварӣкори мушкил аст. Аввалин мушкилие, ки имрӯз дар вақти кирмакпарварӣ пеш меояд, норасоии барги тут аст. Ҳамасола мегӯянд, ки кирмак гиред, аммо дарахтҳои тут сол то сол кам мегардад. Ва боз масъулин гила доранд, ки сафи кирмакпарварон кам шудаанд.
Соли 2012 ба пиллапарварон дар вилояти Суғд ба 1 кг. маҳсулот 4, 5 сомонӣпардохт карда шудааст, ки коршиносони масоили иҷтимоӣпули ночиз меҳисобанд. Масалан як нафар кирмакпарвар танҳо 20 - 25 кг. пилла ба даст меорад, агар музди як нафарро муайян кунем 90-112 сомонӣаст, ки дар шароити имрӯза ба ин маблағ як халта орд ҳам намедиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки кирмакпарварӣшабҳои бехобиву меҳнати вазнини якмоҳаро талаб мекунад. Аммо пиллапарвар Саида Норова мегӯяд, ки аз парвариши кирмак боре ҳам маблағ нагирифтааст: "Ман боре ҳам бар ивази меҳнатам маблағ нагирифтаам. Нав фаҳмидам, ки ба пиллапарварон музди кор ҳам медодаанд. Дар ёд дорам, чанд сол пеш барои 40 кг. пиллаи супоридаам, 1 кг. биринҷ ва 1 кг. макарон дода буданд. Ин ҳам ба хотири он буд, ки ман аз ҳама пеш нақшаро буд карда будам. Пас аз он, на аз пул дарак буду на аз биринҷу макарон. Боз аламовараш ин аст, ки соли гузашта шавҳарамро кормандони экологияи ноҳияи Зафаробод 50 сомонӣбарои буридани шохҳои тут ҷарима карда буданд. Гарчанде фаҳмонидаанд, ки ин шохҳо барои кирмакҳост". Як сокини ноҳияи Конибодом Ҳомидҷон Шукуров низ таи чанд соли ахир бо парвариши кирмак машғул аст. ӯ мегӯяд, барояш фарқе надорад, ки маблағ медиҳанд ё на: - Бароям маблағи медодаи онҳо лозим нест. Ман асосан барои ҳезум шуда кирмак мегирам. Барои он ки дар деҳаи мо ҳезум яке аз мушкилиҳои асосӣба ҳисоб меравад- иброз намуд Шукуров.
Соли сипаригардида вилояти Суғд 1 кг. тухми пилларо бо маблағи 13 доллари амрикоӣхаридорӣнамудааст. Масъулин мехоҳанд, дар соли равон онро бо сарфи 10 доллар харанд: "Мо имсол кӯшиш мекунем, ки аз ҳособи паст намудани нархи харид, ба кирмакпарваронамон бар ивази 1 кг. пилла 7 сомонӣпардохт намоем"- афзуд Исоев Маҳмудҷон.
Имрӯз кишварҳои ҳамсоя аз кирмакпарварӣдаст кашида истодаанд. Далелаш он аст, ки аз пилла маблағи хуб ба даст намеояд. Тоҷикистон чӣнақша доард? Оё мешавад, ки кишвари мо низ ин соҳаро тарк кунад? Ба ин суол раиси идораи "Пилла" дар вилояти Суғд Маҳмудҷон Исоев чунин посух дод: "Кирмакпарварӣсиёсати кишоварзии Тоҷикистон ҳисоб меёбад. Аз ин хотир нақшаи аз пиллапарварӣдаст кашидан нест. Мо бояд ин соҳаро рушд диҳем"- иброз намуд Исоев.
Бо қабули як барномае Ҳукумати мамлакат парвариши кирмакро аз 30 апрели соли 2004 аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣба тобеияти Вазорати энергетика ва саноат гузаронда, умед дошт, ки соҳа рушд мекунад. Аммо мушоҳидаҳо нишон дод, ки вазорат чандон муваффақ нашуд. Баъдан ҳукумати кишвар 30 августи соли 2011 "Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020"- ро тасдиқ намуда, вазорати энергетика ва саноат, кишоварзї, рушди иқтисод ва савдо, молия, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки баҳри татбиқи он тадбирҳо андешанд.
Соли 2011 дар ҷаҳон 500 ҳазор тонна пилла ҷамъоварӣ гардида буд ва истеҳсоли он сол аз сол бештар мегардад. Тоҷикистон ҳам як замоне қариб даҳ дарсади пиллаи собиқ Иттиҳоди Шӯравиро тавлид менамуд ва онро дар корхонаҳои дохили кишвар коркард карда, ба маҳсулоти ниҳоӣтабдил медод.
Имрӯз Ҷумҳурии исломии Эрон яке аз минтақаҳои бузурги тавлиди пилла башумор меравад. Барои он ки дар ин кишвар корхонаҳои махсуси кирмакпарварӣфаъолият мекунад. Аз ин хотир бояд ҷониби Тоҷикистон ҳам аз он ки парвариши кирмакро ба дӯши хоҷагиҳои деҳқонӣ мениҳад, хубтар мебуд, чунин корхонаҳоро ба роҳ меандохт.
Дилошӯб ОРИФЗОДА