Посухҳои Акбари Турсонро интизор бошед!
Посухи Акбари Турсон, раҳбари Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улуми Тоҷикистон, ба суолҳои хонандагони торнамои “Озодагон” базудӣ дар ҳамин ҷо нашр хоҳад шуд.
Ҷаноби Турсон баҳори соли 2011 раҳбари ин Пажӯҳишгоҳ таъин шуд. Ӯ то омаданаш ба ин мақом, 15 сол дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиста, ба таҳқиқ ва инчунин тадриси донишҷӯён машғул буд.
Ахиран номи ӯ дар робита ба баҳси имлои нави забони тоҷикӣ вирди забонҳо шуд. Баъзе расонаҳо аз қавли Акбари Турсон имлои нави забони тоҷикиро ноқис номиданд, дар ҳоле ки худи ӯ баъдан ин ҳама навиштаҳоро бепоя хонд.
Акбари Турсони 74-сола аз донишмандони шинохтаи тоҷик аст, ки дар замони ҷанги дохили Тоҷикистон кишварро тарк карда, баъдан бо даъвати раисиҷумҳур ба кишвар бозгашт. Ҳоло ӯ омодааст, ба ҳама саволи Шумо, хонандагони азиз, посух бигӯяд.