“Гум шудани мавҷи “Ҷаҳоноро” сабабҳои техникӣ дорад”
Гум шудани мавҷи телевизиони мустақили “Ҷаҳоноро” дар вилояти Суғд ба сабабҳои техникӣ марбут аст.
Ин нуктаро дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон”, Луқмон Ҷӯраев, раҳбари ин шабака, изҳор дошт. Ӯ тасдиқ кард, ки рӯзҳои охир зимни пахши барномаҳои “Ҷаҳоноро” мушкилот пеш меомад ва мавҷи телевизион дар навоҳии вилоят гум мешуд: “Як кисми таҷҳизоти пахшкунандаи мавҷ корношоям шуда буд ва аз сабаби иваз намудани он, мавҷи телевизиони “Ҷаҳоноро” муваққатан қатъ гардида буд.”
Ҷӯраев афзуд, феълан ин мушкил рафъ шуда телевизион фаъолияти худро идома дода истодааст. Телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” соли 1992 таъсис ёфта, субҳу шом дар ҳудуди вилояти Суғд 8 соат барнома пахш мекунад.
Мушкилоти техникӣ дар телевизиони "Ҷаҳоноро" дар ҳолест, ки ҳафтае пеш, тамошобинони телевизиони “Пойтахт” низ дар тамос бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки аснои пахши барнома дар бораи Гулрухсор Сафӣ, шоираи мумтози тоҷик, фаъолияти ин шабака ба якборагӣ қатъ шуд.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, сарвари телевизиони “Пойтахт” рӯзи 25 феврал дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” таъйид кард, ки ин шабака муваққатан пахши барномаҳои худро қатъ намудааст. Ӯ ангезаи сиёсӣ доштани қатъи пахши барномаҳоро дар телевизиони "Пойтахт" рад карда, изҳор дошт, ки барномаҳо бо сабабҳои техникӣ якчанд муддат пахш намегарданд. Масъулини “Телерадиоком”, ки таъминоти техникиро ба уҳда доранд, таъйид карданд, ки фиристандаи мавҷи телевизиони “Пойтахт” аз кор баромадааст ва айни ҳол барои аз сар гирифтани пахши барномаҳои ин телевизион мавҷпахшкунандаи навро фармоиш додаанд.