Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии тиҷорат (ВТО) шуд
Имрӯз, 2 март, пас аз гуфтушунидҳои тӯлоние, ки бештар аз 11 сол идома кард, Тоҷикистон 159-умин узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) гардид.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” аз Маркази байналмилалии тиҷорат хабар дода, афзуданд, ки идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (SECO) ва Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) Тоҷикистонро бо вуруди расмияш ба СҶТ табрик мегӯянд ва ҷиҳати идомаи мусоидат ба Тоҷикистон дар марҳилаи пас аз узвият изҳори омодагӣ менамоянд.
Дар ин робита раҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ Питер Микула изҳор доштааст, ки “вуруди Тоҷикистон ба СҶТ танҳо бо иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои раисҷумҳур ва Ҳукумати Тоҷикистон имконпазир гардид. SECO ба ҳамкори асосии худ – Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон барои корҳои зиёде, ки аз соли 2001 бад-ин сӯ анҷом додааст, сипосгузор аст. Мо, самимона, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар ҷаноби Шариф Раҳимзода, муовини вазир ҷаноби Саидраҳмон Назриев, шӯъбаи марбут ба СҶТ дар ин вазорат, ва гурӯҳи музокирагарони ҳирфаиро, ки бидуни онҳо узвият дар СҶТ имконнопазир мебуд, табрик мегӯем.”
Питер Микула, афзудааст, ки “узвият дар СҶТ барои Тоҷикистон қадами бузурге ба пеш дар роҳ ба сӯи истиқрори иқтисоди босубот мебошад. Вале иҷрои аҳду паймонҳои қабулшуда ҳини вуруд ба созмон чолише барои оянда боқӣ мемонад. Узвият дар СҶТ дар соҳаҳои зиёде тағйироти чашмрас дар соҳибкорӣ, омӯзиш ва назоратро талаб мекунад, то тавоноии содиротии кишвар бар пояи қавӣ ва ғайримаъмулӣ боло равад. Рақобатпазирии саноати дохилӣ низ аз фазои соҳибкорӣ ва омилҳои дигар, ба монанди арзиши энержӣ, мухобирот, хидматрасониҳои молӣ, зерсохтор ва ғайра вобаста аст. Узвият дар СҶТ ба беҳсозии ин фазо мусоидат менамояд, агар ҳукумат ва бахши хусусӣ ислоҳоти дохилиро бо тавофуқ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор идома бидиҳанд.”
Швейтсария аз оғози марҳилаи вуруди Тоҷикистон ба СҶТ ба ҷумҳурӣ ёрӣ мерасонид ва ин ёриҳои фаннӣ бештар ба соҳаи тиҷорат марбут буданд. Ин ёриҳо, аз ҷумла, тарҳҳои зерсохторӣ, барномаҳои рушди бахши хусусӣ, ёрӣ ба соҳаи молӣ ва пешбурди тиҷоратро дар бар мегиранд.