Боздошти як хонум дар ҷануби Тоҷикистон бо иттиҳоми говдуздӣ
Як бонуи ёвонӣ, бо исми Давлатбӣ Раҳимова, ки чанд муддат дар никоҳи як сокини рустои Қайнари ноҳияи Восеъ будааст, аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи ин ноҳия бо ҷурми дуздии молу гови аҳолӣ гумонбар дониста шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд.
Дар ин бора ба «Озодагон» сардори ШКД-и ноҳияи Восеъ, Бердӣ Пирмадов хабар дод. Тибқи иттилоъ, хонуми Давлатбӣ аз деҳоти атроф ва ҳатто аз бозори молу гов, чорвои мардумро бепарво гирифта, пеш карда мебурдааст. Гуфта мешавад, касе гумон карда наметавонист, ки як зан ҳамроҳ бо писари ноболиғи 12-солааш ба дуздӣ қодир аст. Даҳаи охири моҳи май хонуми дуздро бо писараш Сангалӣ кормандони милиса дар рустои Қурбоншаҳид, аснои рабудани 2-сар гови сокинони ин деҳа дастгир намуданд. Дар рафти тафтишот муайян гашт, ки ин бонуро дар дуздӣ, инчунин бародараш Нуралӣ Раҳимов, сокини рустои «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Ёвон, ки маъюби модарзод аст, кумак мекардааст. Айни замон, Давлатбӣ ба дуздии 12-сар гову гӯсфанд иқрор гаштааст, аммо кормандони милиса бар он назаранд, ки боз ҳам ҳолатҳои накушодаи дуздии ин хонум ҷой дорад. Тафтишоти қазия бошад, алъон идома дорад. {jathumbnail off}