“Дурӯғи “зиёиён” мардуму ҳокимиятро аз воқеият дур бурдааст”
...Офтобе, ки нур аз ӯ ҷӯшад,
Ҳайф бошад либоси шаб пӯшад. (Бедил)
...Имрӯз, вақте дар бораи воқеияти тоҷикон фикр мекунӣ як рӯйдоди ғариб ва ғайриинтизорро дидан мумкин аст, ки аз як сӯ як гурӯҳ, гӯё истиқлол танҳо ба онҳо тааллуқ дорад, зери шиорҳои "фарҳанги баланди мардумсолорӣ (демократия)", "инсонӣ" ва "волоияти қонун" беҳуда кӯшида истодаанд, то 'ягонаи давр' будани худро исбот кунанд ва аз сӯи дигар қисми зиёди мардум бо ҳаёти лучи (Агамбен) худ, яъне бе рангубори сиёсӣ ва идеологӣ, дар муқобили қудратҳои мусаллаҳ бо ҳар гуна идеологияҳои бофтаву сохта, дар шароити ҳайвонӣ шарафи инсонӣ ва мақоми баланди инсонии худро ҳимоя карда истодаанд. Агар қисмати аввал дар мавқейи сиёсие, ки доранд, беқудратии худро нишон дода истода бошанд, ин қисмати зиёди мардум ( 'мардумон' худ маънии "олиҷанобон"- ро дорад) дар мушкилтарин шароит шарафи инсонии худро ҳимоят карда исбот карданд, ки мавҷуди қудратианд ва дар пайи хушбахтии худ ва дигарон ҳастанд.
Ин рӯйдод акнун як намуди ҳаёти тоҷикӣ шуда истодааст ва ҳаёти одамӣ зери ин ҳама фишорҳои дохиливу берунӣ ва дар паси андешаҳо, фалсафаҳо, идеология, китобҳо, суханбозиҳо ва тафсирҳои гуногуни худӣ ва бегона фаромӯш гардидааст ва дигар наметавонад ба сатҳи нав гузарад. Мардум, ки тақдир онҳоро дар ин мавҷи ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати зиндагӣ партофтааст, худ имкони истодан, таҳлил, шинохти ин ҳамаро, ки аз сари онҳо мегузарад, надоранд. Наметавонанд баҳо диҳанд, ки ин чӣ навъи ҳаёт аст ва он чӣ гуна шакл гирифтааст ва умуман ба куҷо равонаанд ва ояндаи онҳо чӣ мешавад? Балки масъалаҳои муҳимтари ҳаёт, масъалаи зистан онҳоро зиёдтар банд кардааст. Он қабилаи якум, ки худро сиёсатмадору соҳибкор ҳам меноманд ва аз ҳисоби ҳастӣ ва мавҷудияти ин аксарияти маҳрум ва муҳоҷир монда, арзи вуҷуд доранд, як бор берун аз он чорчӯбаҳои идеологӣ, суханҳо ва шиорҳои баланд наметавонанд дуруст бинанд, ки ҳаёти аслии тоҷик чӣ гуна аст ва аз ин ҳаёт чӣ гуна инсон, чӣ гуна миллат метавонад сабз шавад. Ин қисмати зиёди мардуми берун аз истиқлол ва ҳимояи қонун монда, ки ҳомили қудрат ва идеали миллианд, ҳанӯз умедворанд, ки рӯзе мешавад ва ҳаёти лучи онҳо ҳам дар воқеияте асл, дар ҷомеае осуда бо арзишҳо ва идеалҳои баланди инсонӣ фаро гирифта мешавад ....
Аслан, ҳаёт худ пур аз мушкилот аст ва мубориза бо мушкилот онро зеботар ва рангинтар мекунад. Вале ин ҳама бояст дар чорчӯбаи ин маъниҳо, ки мутафаккирони имрӯз “бехатарии иҷтимоӣ ва вуҷудиаш” хондаанд ва мардуми тоҷик аз қадим боз “хотири ҷамъ ва дили беғамаш” мегуфт, бошад. Як афзалияти асосии Шӯравӣ дар ҳамин буд, ки мардум аксарият амнияти иҷтимоӣ ва хотири ҷамъ доштанд, вале он чи мардумро имрӯз рубарӯст ин на мушкилиҳои табиии ҳаёт аст, ин на он муборизаест, ки дар зиндагӣ ҳаловатбахш аст, балки ин як ҳолати номуайянӣ, тарс ва ноумедист. Ин номуайянӣ ва тарсест, ки дар вуҷуди инсонҳо паёми ҷангу хунрезиро дорад, паёми маргу азобро дорад. Ин ҳолатест, ки мардуми чандин турктозиҳоро дида онро дар хотираи таърихии худ дорад ва онро бисёр хуб ҳис мекунад.
Аз ин рӯйдоди ғариби Тоҷикистон як чиз мусаллам аст, ки нигоҳи умеди ҳама, ҳам мардуми дар сари қудрат буда ва ҳам қисмати зиёди мардуми камбағал ва муҳоҷир монда, ба сӯи он қавм аст, ки онро зиёӣ меноманд. Ман шахсан боварӣ дорам агар зиёии асл ва фикркунанда медоштем, метавонистем таркиби қудратро мустаҳкам ва ҷомеаро ба як системаи зинда табдил медодем. Ин қавм намояндаи қишри сеюми ҷомеа аст ва чун ин қишр сахт хароб гашт, онҳо ҳам ба амри тақдир қисме бо истилоҳи муайян кардаи хеш "ба боло" часпиданд ва қисме бо поён (ба бало) пайвастанд. Вале зиёӣ болову поин надорад, агар зиёист, дар ҳама ҷо соҳиби фикри равшан аст. Ин ҷо одамони ба кори фикри машғулро наметавон зиёӣ гуфтан, ки дар ҷомеаи имрӯз қариб зиёди мардум ба кори фикрӣ машғуланд, маълумоте доранд ва донише ва кори ҷомеаро пеш мебаранд. Масалан муаллимон, устодони донишгоҳҳо, муллоҳо, табибҳо ва умуман одамони касбу корҳои гуногун, ки ҷомеаро бо кору муносибати худ зинда нигоҳ медоранд ба ин қисмати коркунони фикрӣ дохиланд, вале зиёӣ нестанд. Ва на ҳама гуна фикр, фикри нав ва асл аст, чунонки на ҳар муаррихи фалсафа, ки донандаи фикри Сино, Ғаззолӣ ё Ҳайдеггер ҳаст, мутафаккир ҳаст. Ин ҷо мардон даркор, ки ҳастӣ ва воқеиятро чунон ки бояд рӯ ба рӯ шаванд, то тавонанд фикри нав, "Наҷот"- и нав, "Эҳё…"- и нав ва "Ҳастӣ ва Вақт"- и нав барои мардуми худ пешниҳод кунанд. ... Масъала ин нест, ки мо бояд дар ин сатҳ мутафаккир дошта бошем, масъала ин аст, ки мо имрӯз имкон дорем аз ин ҳолат, ки дорем беҳтар шароити зист дошта бошем ва он сарвати маданиро ва моддиро ҳам дорем барои зиндагии шоиста, вале ҳанӯз ҳам чизе намерасад.... Фикри ман ин аст, ки имрӯз ин чиз, ки моро дар ин ҳолат нигоҳ дошта ин аст, ки зиёии тоҷик мавқеи худро ҳамчун мавҷуди қудратӣ аз даст додааст. Ин ҳама мушкилот ва печидагиҳои боло ва ин ҳама бадбахтиҳои поён, яке аз сабабҳояш, тафсири нодурусти воқеият ва дурӯғ гуфтан ба қудрат ва ба мардум аз тарафи "зиёиёни" мост. Вақте зиёӣ мегӯяд ин маънии некӣ, рӯшноӣ ва ободиро дорад ва ин ҷо, ки зиёдтар аз кризис ҳарф мезанем ва гунаҳгор ин қавмро меҳисобем, бояд ин калима дар нохунак гирифта шавад ва дар Тоҷикистон мардуми зиёӣ ҳанӯз ҳастанд ва худ медонанд, ки зиёиёни дар нохунак кистанд... Ва Худо хоҳад дар нохунак будагиҳо ҳам худро оҳиста - оҳиста ба берун хоҳанд кашид...
Зиёиёни асл ё берун карда шудаанд ё худ сахт ба худ фурӯ рафтаанд ва гуфти Мирзо Бедил "…боре ба ҳеч хотири худ шод мекунанд." Фикр мекунам, ки ҳастанд ва зиёд ҳам мегӯянду менависанд, вале ин филологҳо ва файласуфони шӯравирешаи мо, ки худро зиёиёни ин мардум ҳисоб мекунанд, ҳанӯз 'беқудратанд' ва наметавонанд рисолати худро иҷро кунанд. Яке аз сабабҳои беқудратиии онҳо ин аст, ки мардум, яъне “зиёиён”-и тоҷик аз доираи китобҳои хондаи худ ва хонда истодаи худ натавонистаанд берун шаванд, ҳаётро ҳамчун як китоби дигар, як матни дигар нашинохтаанд. Хабар надоранд, ки ин дунё акнун болои дигар китобҳо, яъне арзишҳо ва назарияҳои дигар пеш рафта истодааст. Кӯшиши доштани мустақилияти фикриро, ки болои он фикр тавон ҳақиқати тоҷикро барқарор кард ва ҷомеаро ҳамчун як системаи зинда бунёд намуд, накардаанд. Дигар ин ки ин қавм натавонист ё имконияташ надоданд, ки дар сохтмони назарияҳои навини қудрат ва давлат дар Тоҷикистон коре кунад ва дар сохтмони давлат ва сиёсати он дар Тоҷикистон фаъол бошад. Гузашта аз ин онҳо ҳатто мавқеи худро, ки дар давраи Шӯравӣ то ҷое соҳиб буданд, аз даст доданд. Имрӯз, агар мехоҳем низоми хуб дар ҷомеа доштан, яъне доштани ҳақиқат (идеология равшан), волоияти қонун, таъмини ҳаққу ҳуқуқи мардум ва иқтисоди мустаҳкам, ки ҳаёт дар чунин низом ҳаёти пурра мешавад, бояд ки 'зиёиёни' мо як бор худро дурусттар бинанд, ки онҳо кистанд. Чаро имрӯз мавҷуди қудратӣ нестанд ва чаро як қисме бозичаи дасти қудрати хушк ва пул мешаванд?
Дар асорати дурӯғ ...
Ин ҳолати бофтани пардаи пиндорро байни мардуми Тоҷикистон, байни қудрат ва мардум, аз гуфтугӯи атрофи забони тоҷикӣ метавон мушоҳида кард. Ончи Мавлоно дар қарни 13 гуфта буд ки 'сухан сояи ҳақиқат' аст ва он сӯтар аз сарфу наҳв боз дунёи маънӣ вуҷуд дорад ва ё ин, ки гуфтаи Витгенштейн 'забон оинаи воқеият аст', як ишорати омӯзандаанд дар робитаи забон ба ҳастӣ ва воқеияти мардум. Вале 'зиёӣ'-и ба қудрат наздики тоҷик, ки на аз аҷдоди худ дуруст омӯхт ва на аз мутафаккирони имрӯз, дар ин воқеияти забонии беасли худ чунон асир мондааст, ки имкони дидани воқеиятро тамоман надоранд ва наметавонанд ба қудратмандони давр фаҳмонанд, ки забон як сатҳи дигар аст ва фаҳмиши дигар мехоҳад. Мушкилот дар ин аст, ки пайвастагии забонро ба ҳастӣ ва воқеияти мардум надида дар бораи он ҳарф мезананд. Забон ба забони ҳол дигар чиз гуфта истодааст, вале мо аз соҳибзабонҳо дигар чиз мешунавем. Нотиқон рушди забонро мисли рушди чорводорӣ ва сабзавот пиндоштаанд ва мехоҳанд бо супориш онро пуриқтидор ва зинда кунанд.
Яъне шинохти вазъи забон ва соҳибзабонҳои мо ба вазъи он наҳвӣ монанд аст, қиссаи ӯро Мавлоно дар Фиҳӣ мо Фиҳӣ овардааст "Ориф пеши наҳвӣ нишаста буд. Наҳвӣ гуфт: Сухан берун аз ин се нест, ё исм бошад, ё феъл, ё ҳарф. Ориф ҷома бидарид, ки: вовайлато! Бист соли умри ман ва саъю талаби ман ба бод рафт, ки ман ба умеди он, ки берун аз ин сухане ҳаст, муҷоҳидаҳо кардаам, ту умеди маро зоеъ кардӣ. Ҳарчанд ориф ба он сухан ва мақсуд расида буд, илло наҳвиро ба ин тариқ танбеҳ мекард". Имрӯз дар он ҳолатем, ки мепиндорем забон ҳамин аст, ки гуфта истодаем ва намехоҳанд ё наметавонанд воқеияти аслро рӯ ба рӯ шудан, ки механизми асосии рушди забон дар вуҷуди соҳибзабонҳост ва вазъи ҳаётии онҳо вазъи забонро муайян мекунад. Чаро ин 'зиёӣ' дар ин маҷлисҳои ҳар солаи ба ифтихори забон баргузоршудаистода ягон бор ба нотиқон намефаҳмонад, ки рушди ҷомеа набошад забон рушд намеёбад то дар баробари оина(забон) дурӯғ нагӯянд. Ин маънӣ худ ба худ равшан аст, ки ҷомеа пуриқтидор набошад забон ҳеч гуна пуриқтидор намешавад. Дар иерархияи имрӯзаи забонҳо, он забонҳое, ки соҳибзабонҳо ҷомеаи обод ва пуриқтидор доранд, аввалинанд ва пуриқтидор. Ҳолати забони як вақтҳо пуриқтидори тоҷикӣ чунин аст, ки он пеш аз ҳама дар банди дурӯғ ва асир аст. Як вақтҳо Ҳайдеггер гуфта буд "Забон ин хонаи ҳастист, дар ин хона мо бунёд мекунем". Имрӯз тоҷик фикр кардан надорад, бо Ҳастии хеш алоқа надорад, чӣ гуна метавонад бунёд кунад? Вақте соҳибони забон, ҳатто он қисме ки ин ҳакими олмонӣ, 'забардастони ин хона' (забон) -ашон медонист, ба аробакашӣ, пиёзфурӯшӣ, деворзанӣ машғуланд, чи гуна ба фикри созанда метавонвонанд машғул будан? Имрӯз соҳибзабон, ки муҳтоҷи нону ҷома гаштааст, дар рамзҳои шабакаҳои забонии дигарон оворааст ва худро наёфта истодаанд. Дар умум забон қудрати худро аз даст додаст. Бо он танҳо шиорҳои баланд менависанд, нутқҳои беҳосил мекунанд ва ё бо он падару модари тоҷикро таҳқир мекунанд. Дигар дар бораи маънӣ намеандешанд, ки зиндагии мардумро аслан маъниҳо идора мекунанд ва шакл медиҳанд. Мутаассифона, на фақат сиёстамардони мо, балки 'зиёиёни' мо ин чизро нафаҳмидаанд ва аз ин рӯ дар зиндагии ҳаррӯзаи мардуми тоҷик маъниҳое сангини пешбининашуда ҳукмронанд, ки аз хатарҳои иҷтимоӣ ва вуҷудӣ дарак медиҳанд. Новобаста ба он, ки шоири тоҷик ҳама давру замон зиёӣ ва соҳибандеша буд, баъзе аз шоирон имрӯз тахайюлотро, гуфти устод Қаноат, танҳо барои шиорзанӣ истифода бурда истодаанд...
Меҳмоншо ШАРИФЗОДА, доктори Донишгоҳи Бергени Норвегия
(Давом дорад)