Убайдуллоев барои бунёди “Аквапарк” озмун эълон кардааст
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, барои дарёфти беҳтарин лоиҳакаши иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк" дар пойтахт байни лоиҳакашони дохилию хориҷӣ озмун эълон кардааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ ин озмун аз 25 феврал то 6 апрели соли 2013 доир гардида, натиҷаи он на дертар аз 13 апрел эълон мешавад.
“Аквапарк” – и нотамоми Душанбе дар маркази шаҳр воқеъ буда, сохтмони он ҳанӯз 10 сол пеш оғоз шудааст. Ширкати туркии «Эмек иншаат», ки соли 2004 дар озмуни бунёди аквапарки Душанбе пирӯз шуда буд, аз ҳукумати пойтахт беш аз 2 миллион доллар гирифтааст. Аммо баъдан дар паи ихтилофҳо оиди арзиши ин иншоот, «Эмек Иншаат» сохтмонро нотамом гузошт ва пули шаҳрдориро барнагардонда Тоҷикистонро тарк кардааст.