Талошҳои Ҳасанова барои афзоиши эътимод ба Амонатбонк
Гулнора Ҳасанова, раиси “Амонатбонк”, бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 то 26 –уми феврал дар вилояти Хатлон густариши ҳамкориро бо сокинони ин навоҳӣ баррасӣ кардааст.
Тавре аз “Амонатбонк” ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, сафари Гулнора Ҳасанова ба Хатлон аз ҳусни оғоз бахшидани сохтмони бинои филиали “Амонатбонк” дар ноҳияи Бохтар шуруъ шудааст. Ӯ бо раиси ноҳияи Бохтар, Абдуалим Исмоилов масъалаи рушди системаи бонкдорӣ дар ноҳия, пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ ва ҷудо кардани қарзҳо барои рушди соҳибкории хурду миёна баррасӣ кардааст. Гулнора Ҳасанова иттилоъ додааст, ки барои рушди соҳибкории хурд ва миёна дар соли равон ба ноҳияи Бохтар ба маблағи як миллион сомонӣ қарз ҷудо карда мешавад. Аз Бохтар раиси “Амонатбонк” ба ноҳияи Вахш рафта, бо сокинон, соҳибкорон ва масъулин мулоқот намудааст.
Дар хотимаи ин сафар Ҳасанова бо иштироки тамоми роҳбарони филиалҳои “Амонатбонк” дар вилояти Хатлон, ҷаласа доир намуда, перомуни пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон ва рушди соҳибкории хурду миёна дар ин вилоят супоришҳои мушаххас додааст. Ҳамчунин зимни баргузории ин ҷаласа масъалаҳои эътимоди мардум ба бонк ва ҷалби пасандозҳои маҳаллӣ мавриди суҳбат қарор гирифтааст.