Рамазон Раҳимов гирифтани изи ангуштро манъ кард
Вазири умури дохилии Тоҷикистон гирифтани изи ангушти шаҳрвандонро, зимни додани шиносномаҳои дохилию хориҷӣ ва шаҳодатномаи ронандагӣ манъ кард.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” хабар доданд, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ, рӯзи 26 –уми феврал фармони нав содир кард, ки тибқи он фармони пешинааш аз санаи 21 июли соли 2012, «Дар бораи ҷорӣ намудани тартиби гузаронидани бақайдгирии дактилоскопии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва хориҷӣ, инчунин шаҳодатномаи ронандагӣ» бекор карда шуд.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мақсад аз гирифтани изи ангуштро, “пешгирӣ намудани сохтакории ҳуҷҷатҳо, аниқ намудани шахсияти шаҳрвандон ҳангоми гирифтани шиносномаю шаҳодатномаи ронандагӣ ва ба ҳамин восита паст кардани вазъи криминогенӣ дар ҷумҳурӣ" арзёбӣ карда буд.
Масъулини вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, мақсадҳо аз гирифтани изи ангушти шаҳрвандон, айни ҳол иҷро гардидаанд ва бо ҳамин сабаб ин талабот аз эътибор соқит дониста мешавад.
Фармони нави вазири корҳои дохилӣ барои иҷро ба раёсатҳо, хадамот ва ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ ирсол шудааст.