Шоири халқии Тоҷикистон аз дунё даргузашт
Имрӯз дар деҳаи Хидоркези ноҳияи Роштқалъа маросими видоъ бо шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд баргузор мешавад.
Бино ба иттилоъи раёсати фарҳанги ҳукумати вилояти Бадахшон адиб шоми гузашта, дар синни 70-солагӣ дар манзили зисташ аз дунё даргузаштааст.
Хушқадам Қурбонмаҳмадов (номи аслии шоир), соли 1941 дар ноҳияи Роштқалъа ба дунё омада, айёми тифлӣ ва наврасиашро дар ин ҷо пушти сар кардааст. Соли 1963 факултаи филологияи донишгоҳро ба итмом расонида, пайваста бо матбуоти даврии вақт ҳамкорӣ дошт. Пас аз хатми муассисаи таълимоти олӣ дар театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ ба симмати муовини директор ифои вазифа кардааст. Аз соли 1976 ба кори рӯзноманигорӣ гузашта, мудирии шӯъбаи маориф ва маданияти рӯзномаи «Бадахшони советӣ»-ро ба зимма дошт. Ширин Бунёд аъзои Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон буда, солҳои тӯлонӣ раисии бахши ин иттиҳодияро дар Бадахшон бар дӯш дошт. Маҳз бо ибтикори марҳум дар вилоят «Маҳфили адибони Бадахшон» таъсис ёфта, зери сарпарастии шахсии ӯ беш аз 40 адиби навроҳ тарбия гирифта, ба зинаҳои баланди эҷодӣ расидаанд.
Маврид ба ёдоварист, Ширин Бунёд муаллифи асару китобҳое аз қабили "Бомдод", "Зартеғ", "Шоҳи Тирандоз", "Шерозаи Ваҳдат", "Об, замин ва одамон" ва "Поси хотир" аст. {jathumbnail off}