“Орд дар бозори “Шоҳмансур” арзон будааст”
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар пайи таҳлили нархи орд дар бозорҳои пойтахт, изҳор медорад, ки ин навъи маҳсулот нисбати ҳамин шабу рӯзи соли гузашта, 22 дарсад қиматтар дар фурӯш аст.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, нархи як халта орди истеҳсоли Қазоқистон 27-уми феврали соли гузашта 117 сомонӣ арзиш дошт. Айни ҳол дар дуконҳои ордфурӯшии бозорҳои кишвар як халта орди қазоқӣ ба ивази 151 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Сарчашмаи хабар афзуд, ки “ҳоло аз ҳама орди арзон дар дӯконҳои ордфӯрушии бозори «Шоҳмансур» бо назар мерасад, ки як халтаи 50 киллограма, 150 сомонӣ нарх дорад. Аз ҳама нархи гарон дар нуқтаҳои ордфӯрушии бозори «Саховат» ва «Варзоб» сабт шудааст, ки ба 152 сомонӣ баробар мебошад”.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, тибқи низомнома дар бораи ташаккули нархҳои молу маҳсулоти ниёзи аввалаи мардум, тоҷироне, ки арзиши маҳсулотро беасос баланд мебардоранд, ҷарима мешаванд. Нисбати онҳо тибқи моддаҳои 555 (беасос баланд бардоштани нарх) ва 617 (амалҳои миёнарвӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андоз)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парванда тартиб дода мешавад.