Боздоштшудагон ҳар чӣ зудтар бояд раҳо шаванд
Созмонҳои байнулмилал аз боздошти садҳо тан аз шаҳрвандони кишвари Беларус интиқоди шадид кардаанд.
Бино ба навиштаи хабаргузориҳои дунё, дар ҳамин ҳол Созмони Афви Байналмилал ва Кумитаи Дифоъ аз рӯзноманигорон низ аз Анатолий Лукашенко даъват кардаанд, ки ба таври оҷил дастгиршудагони тазоҳуротро раҳо кунад. Ин ду ташкилот дар номааашон навиштаанд: "Мақомоти Белорус бояд бидуни қайду шарт ҳамаи афродеро, ки ба хотири ширкат дар "таҷаммӯъи ором”-и мусолиматомез боздошт кардааст, озод кунад."
Маврид ба ёдоварист, рӯзи чоршанбе ва ҷумъаи гузашта ҳудуди ҳазор нафар ба хиёбонҳои Минск, пойтахти Белорус, рехтанд, то бо кафкӯбии бидуни ҳарф ба сиёсатҳои иқтисодии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури ин кишвар, эътироз кунанд. Зимни баргузории амалиёти масъулини интизомӣ бештар аз 250 нафар раҳпаймоён дастгир ва ба маҳкама кашида шуданд. Тибқи иттилоъи расида, бисёре аз афроди боздоштшуда то субҳи имрӯз раҳо шудаанд, аммо бархеҳо ба иттиҳоми “авбошӣ” бо ҷазои идорӣ ва ё ҷарима рӯбарӯ ҳастанд. {jathumbnail off}