Тоҷирони бозори «Исфара» дар рӯйхати қиматфурӯшон
Сомонаи “Агро-информ”, ки нархгузорӣ дар бозорҳои Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, тоҷирони бозори “Исфара” – ро ба гурӯҳи “қиматфурӯшон” ворид кардааст.
Ин торнамо менависад, барои мисол, тоҷирони бозори «Исфара» дар муқоиса ба бозори «Шоҳмансур»-и Душанбе як кило гушти гӯсфандро 14 фоиз гарон мефурӯшанд. Дар ҳоле ки дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт як кило гӯшт 30 сомонӣ арзиш дорад, ин нишондод дар бозори “Исфара” ба 35 сомонӣ баробар будааст.
Манбаъ афзуд, ки аз ҳама нархи гарони гушти гӯсфанд дар бозори «Бӯка», ҳамсарҳад ба Узбакистон мушоҳида мешавад, ки он ҷо як килои гӯшти гӯсфанд ба нархи 37 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Дар бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа як кило гушти гӯсфанд - 32 сомонӣ, дар бозори «Истаравшан» - 33 сомонӣ ва бозори «Рашт»-30 сомонӣ арзиш дорад.