Тағйири номи кӯчаҳо дар Душанбе
Дар асоси пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири пойтахт ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи тағйири номи чанде аз кӯчаҳои пойтахт қарор қабул гардид.
Шавкат Сайидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе, зимни ташреҳи ин хабар ба хабаргузории "Озодагон" гуфт, бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Хайрулло Абдуллоев кӯчаи ба номи Ватутини пойтахт кӯчаи ба номи Хайрулло Абдуллоев номгузорӣ шуд.
Ҳамчунин кӯчаи Сеченов ба исми Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Дамир Дӯстмуҳаммедов ва кӯчаи ба номи Фурманов ба номи Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Фаттоҳ Одинаев тағйири ном карданд.