Футбол: “Равшан”-и Кӯлоб худро месанҷад
Имрӯз, 25-уми феврал, бозигарони дастаи “Равшан” дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо футболбозони бошгоҳи “Хуҷанд” бозии санҷишӣ мегузаронад.
Футболбозони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони феълии Тоҷикистон оид ба футбол, ки барои мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013, дар Қайроққум омодагӣ медиданд, рӯзи 23-юми феврал, дар бозии санҷишӣ бо ҳайати ҷавонони тими “Актобе”-и Қазоқистон ба майдон баромада бозиро мусовӣ 1:1 анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки бозии нахустини дастаи “Равшан” дар мусобиқаи интихобии Ҷоми AFC-2013 дар гурӯҳи “D” бо тими “Ал-Рамза”, 6-уми март дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», баргузор мешавад.