Убайдуллоев ба сокини 8-миллионуми Тоҷикистон хона дод
Шаҳрдории Душанбе ба сокини 8-миллионуми Тоҷикистон, ки рӯзи 5 –уми феврал дар таваллудхонаи рақами 3 –и пойтахт таваллуд шудааст, хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим намуд.
Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт барои волидайни Сумая, 8 миллионумин шаҳрванди Тоҷикистон, дар бинои навсохти кӯчаи Фединаи пойтахт, як хонаи масоҳаташ 60,2 метри мураббаъро тақдим намуда, дастур додааст, ба номи ӯ дар Амонатбонк суратҳисоб кушода шавад. Шаҳрдорӣ ба сифати кӯмаки якдафъаина ба суратҳисоби Сумая гузарондани 8 ҳазор сомониро супориш дода, аз раёсати беҳдошти пойтахт талаб кардааст, ки саломатии ин шаҳрванди 8 миллионуми Тоҷикистонро таҳти назорати қатъӣ гиранд.
Сумайя Раҳмонова, соати 7 – и субҳи 5 – уми феврал дар хонаводаи Майсараи 33 – сола ва Раҳмоналии 37 – сола ба дунё омада, вазнаш 2 килою 700 грам ва қадаш 48 сантиметрро ташкил медиҳад.