Шӯрообод: Латукӯби сокинони маҳаллӣ аз сӯи афсарони баландрутбаи қисми марзбонӣ
Шаби 2-юми июл се тан аз афсарони баландрутбаи қисми ҳарбии «№» қӯшунҳои сарҳадоти Тоҷикистон, мустақар дар ноҳияи Шӯрообод, ба рустои Порвори ҳамин ноҳия даромада, бо таври роҳзанӣ ба сокинони ин русто дарафтоданд.
Неъмат Найимов,полковники милиса, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шӯрообод ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, 3-майори шӯъбаи ба истилоҳ, разведкаи ҳамин қисми ҳарбӣ тақрибан соати 23-и шаб 5-сокини ин русторо бе ягон сабаб мавриди лату кӯб қарор додаанд. Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, як сокини шаҳри Кӯлобро, ки ронандаи нақлиёти мусофиркашӣ будаву ҳамон шаб дар ин русто будааст, низ зери мушту лагад гирифта, баъдан бо таҳдид аз силоҳ 850-сомонӣ ва телефонии мобилиашро зӯран аз они худ кардаанд.
Найимов афзуд, ҷабрдидагон аз болои афсарони қисми марзбонӣ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ шикоят бурдаанд. Ба қавли полковники милиса, афсарони сарҳадчӣ дар ҳолати сархушӣ қарор доштаанд ва ин ҳолат дар ШКД ба қайд гирифта шуда, кормандони милиса санади марбутаро омода сохта ҷиҳати баррасӣ онро ба додгоҳи Шӯрообод ирсол кардаанд. Дар ҳамин ҳол, масъулини прокуратураи гарнизони низомии минтақаи Кӯлоб низ аз маҳалли ҳодиса дидан карда, бо вазъият ошно гаштаанд.
Амирхон Икромов, раиси ноҳия дар қиболи ин қазия гуфт: «Гумони он дорем, ки сарҳадбонон дар ҳимояи аҳолии наздимарзӣ мебошанд, аммо ин ҳодиса андешаи мусбати аҳолиро билкулл ба сӯи дигар тағйир дод. Итминони комил дорем, ки додситонии низомӣ ин ҳолатро пурра омӯхта, ба ҳодиса баҳои мусбат медиҳад». {jathumbnail off}