Оҷонсии дин телефони боварӣ таъсис медиҳад
Оҷонсии оид ба дини Қазоқистон ният дорад, имсол дар тамоми сохторҳои зертобеаш телефони боварӣ кушода, иртиботашро бо мардум густариш диҳад.
Ҳайрат Ламу Шариф, раиси Оҷонсии оид ба корҳои дини Қазоқистон, ба хабаргузориҳои кишвараш гуфтааст, ки телефони боварӣ имсол фаъол мегардад ва ҳар шахси хоҳишманд метавонад, тавассути он суолу дархостҳояшро ироа кунад ва ҷавоб гирад.
Гуфта мешавад, ки телефони боварии Агентии дин бо дастури котиби давлатии Қазоқистон, Марат Тажин фаъол мегардад ва барои мубориза бо гуруҳҳои ихтилофангез равона шудааст. Тажин дар суҳбат бо хабарнигорҳо гуфтааст, телефони боварӣ василаи мубориза бо равияҳои ғайрирасмӣ хоҳад буд, ки фаъолияташон миёни мардум афзоиш ёфтааст: “Тавассути ин телефон шаҳрвандон метавонанд аз фаъолияти равияҳои гуногун ва корҳои таблиғотии онҳо масъулинро огоҳ кунанд.”