Э.Раҳмон хостори маблағгузории бештар ба Артиш шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, таъминоти моддию техникии артишро ҳанӯз “нокифоя” гуфта, маблағгузории бештари ин соҳаро зарур хондааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 22 феврал, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба 20 солагии артиш дар шаҳри Душанбе, ёдовар шуд, ки дар зарфи 5 соли охир маблағгузории сохторҳои қудратӣ 2 баробар ва маоши ходимони низомӣ 9 баробар афзудааст. Баробари ин ӯ таъкид кардааст, ки “таъминоти имрӯза ҳам ҳанӯз нокифоя аст ва баҳри боз ҳам афзун намудани маблағгузорӣ ва ғамхорӣ ба ин соҳа пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.”
Президент зимни суханронӣ аз рӯзҳои пурдаҳшати солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бесарусомонӣ ва хисороти бешумори ҷонӣ ва моддию маънавии муноқишаҳои хунуни дохилӣ ёдовар шуда, фазои орому осоишта ва рушду шукуфоии имрӯзаро натиҷаи ҷонбозиҳои ҳазорон фарзандони баору номуси кишвар номидааст.
Сарфармондеҳ зикр кардааст, ки он солҳо Тоҷикистон натанҳо артишу дигар сохторҳои низомӣ надошт, балки афсарони тоҷик ҳам ангуштшумор буданд: “Барои рафъи ин ҳолат, омода кардани кадрҳои миллии низомӣ дар муддати кӯтоҳ мактабҳои олии ҳарбӣ таъсис дода шуд. Дар таърихи 20 солаи Қувваҳои мусаллаҳ беш аз 14 ҳазор афсарони низомӣ дар дохил ва 2600 нафар дар хориҷи кишвар омӯзонда шуд. Ҳоло 3 ҳазор донишҷӯи низомӣ дар дохил ва беш аз 1300 каси дигар дар хориҷи кишвар таҳсили илмҳои ҳарбӣ мекунанд.”
Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори хушнудӣ намудааст, ки муҳофизони баору номуси кишвар сарфи назар аз ҳама мушкилу монеаҳои гузаштаю имрӯза барои ҳифзи музаффариятҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияту суботи Ватани азизи худ содиқона хидмат мекунанд.
Маросими аслии таҷлил аз 20-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон, фардо, 23-юми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ба ин муносибат дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт паради низомӣ баргузор мешавад, ки ба он 6 ҳазор афсару сарбозони Вазорати дифоъ, Горди миллӣ, неруҳои марзбонӣ ва неруҳои умури дохилаву дигар ҷузъу томҳо ҷалб шудаанд.
Ҳамчунин дар маросими 20 солагии таъсиси артиши Тоҷикистон, неруҳои ҳавоӣ, пиёданизом ва зиреҳпӯшу танкҳо намоиш дода мешавад.