Дар Узбакистон 1 миллиону 350 ҳазор тоҷик мондааст
Кумитаи омори Узбакистон теъдоди тоҷиконро дар ин кишвар 1 миллиону 350 ҳазор нафар гуфтааст, ки 4,5 дарсади сокинони ин мамлакатро ташкил медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, ба рӯзи 1-уми феврали соли 2013 шумораи сокинони Узбакистон аз ҳадди 30 миллион нафар гузашт, ки нишондоди бесобиқа аст.
Хабаргузориҳои Узбакистон бо такя ба Кумитаи омор иттилоъ медиҳанд, ки аз ин 80 дарсадашро узбакҳо ташкил медиҳанд. Тоҷикон аз рӯи шумора дар ин кишвар дар зинаи дуюм қарор доранд. Теъдоди русҳо бо назардошти халқиятҳои дигари славянӣ ба 5 дарсади аҳолӣ баробар шудааст. Мақомоти узбак шумораи қазоқҳоро - 2,5 дарсад, қарақалпоқҳо - 2 дарсад ва қирғизу туркманҳоро 1 дарсади сокинон арзёбӣ мекунад.
Кумитаи омор мегӯяд сокинони шаҳрҳо дар Узбакистон 15 миллиону 315 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбати сокинони деҳот ҳудуди 800 ҳазор бештар мебошанд. Ба иттилои ин ниҳод забони давлатӣ – узбакиро беш аз 90 дарсади аҳолии Узбакистон медонад.
Аммо дар Тоҷикистон бисёре аз таҳлилгарон мӯътақиданд, ки теъдоди аслии тоҷикон дар Узбакистон аз иттилои расмӣ ба маротиб зиёд аст, чун тоҷикон дар ин кишвар аксаран бо фишори мақомот ва барои гурез аз ноадолатиҳо миллаташонро расман дар шиноснома узбак сабт мекунанд.