Савганди донишҷӯ: Агар сари чанбарак шинам...
Донишҷӯёни Туркманистон минбаъд, савганд ёд мекунанд, ки то хатми муассисаи таълимӣ сари чанбарак намешинанд ва ба нақлиёте, ки донишҷӯи дигар идора мекунад, савор намешаванд.
Хабаргузориҳои Туркманистон дар мавриди матн ва маросими савгандёдкунии донишҷӯён хабар медиҳанд, ки донишҷӯ баъди зикри ному насаб ва соли таълимаш ваъда медиҳад, то замоне, ки донишҷӯ аст, сарфи назар вақти таълим аст ё истироҳат, сари чанбараки мошин намешинад. Дар матни савганд омадааст, ки “агар ман ин савганди худро шиканам, розиям аз муассисаи таълимӣ хориҷ шавам ва ба касе дар ин робита шикояте нахоҳам бурд”.
Масъулини Туркманистон мегӯянд, садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки донишҷӯён дар ин кишвар майли афзоиш доранд ва ин иқдом барои пешгирӣ аз фоҷиаҳои навбатӣ равона шудааст.
Соли 2009 мақомоти туркман бо мошин ба дарс омадани донишҷӯёнро мамнӯъ карда буд. Аз моҳи ноябри соли 2011 мудирияти донишгоҳҳо аз муҳассилин забонхат мегирифт, ки дар айёми таътил ба идораи мошин машғул нахоҳанд шуд. Айни ҳол амалан идораи мошин за тарафи донишҷӯён дар Туркманистон мамнуъ гардид.
Дар ҳамин ҳол донишҷӯёни туркман, ки дар навоҳӣ ва атрофи шаҳр иқомат доранд, ин иқдоми мақомотро мушкилзо арзёбӣ кардаанд.