Самара: Теъдоди муҳоҷирин 12 дар сад афзудааст
Бино ба гуфтаи Яковлев, соли 2012 дар ҳудуди вилоят қариб 300 ҳазор муҳоҷир аз қайди расмӣ гузаштаанд. «Аз ҳама бештар шаҳрвандони Узбакистон барои кор ба Самара меомадаанд. 37 фисади муҳоҷирони вилоятро табааи ин кишвар ташкил медиҳад. 19 дар сади муҳоҷирон шаҳрвандони Тоҷикистон, 7 дар сад озариҳо ва 6 фоиз арманиҳо будаанд»,-афзудааст сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати вилояти Самара.