“Равшан”-и Кӯлоб “Жетису”-и Қазоқистонро шикаст дод
Тими “Равшан”-и Кӯлоб дар доираи омодагӣ ба сабқати интихобии Ҷоми AFC-2013 бо дастаи ҷавонони “Жетису”-и Қазоқистон дидори санҷишӣ анҷом дод.
Бозингарони «Равшан» ба дарвозаи ҳариф 5 туб зада, танҳо як гол сар доданд. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, Нуъмонҷон Ҳакимов ва Дэвид Мауто дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи “Жетису” як голӣ задаанд. Дар оғози нимаи дуюм бозигарони дастаи “Жетису” як тубро ба нишон мерасонанд. Аммо баъдан Индус Ҳусейнзода, Наврӯз Рустамов ва Эраҷ Холов ҳар кадом як голӣ ба самар мерасонанд.