Президент раиси шаҳри Хоруғро аз мақомаш барканор кард
Президенти Тоҷикистон бо судури фармоне Иброимбек Ғозибековро аз симмати раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод намуд.
Дар фармон сабаби озод гардидани Ғозибеков «ба кори дигар гузаштан» унвон шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо як фармони дигар Фаромуз Имомбердиевро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъин кардааст.
Ҳамчунин бо фармонҳои дигари райиси ҷумҳур Амоншо Наврузшоев бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Бадахшони Куҳӣ озод ва Юсуф Султонноёбов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа таъин гардидааст. Дар ин бора сомонаи президенти Тоҷикистон хабар додааст.