Нахуствазири Тунис ба истеъфо рафт
Тавре хабаргузориҳои хориҷӣ гузориш додаанд, нахуствазири Тунис дирӯз, 19-уми феврал пас аз дидори худ бо раисҷумҳури ин кишвар Мунсиф Марзуқӣ истеъфои худро эълон кардааст. Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Ҷиболӣ чанде қабл зимни як нишасти хабарӣ изҳор намуда буд, ки дар сурати таъйид наёфтани тарҳи ташкили ҳукумати нави технократҳо аз ҷониби аҳзоби мухолифи кишвараш аз симаташ канор хоҳад рафт.
Ёдрас менамоем, Ҳамади Ҷиболӣ, нахуствазири Тунис баъд аз террор шудани яке аз раҳбарони мухолифи ҳукумат, ки боиси ба миён омадани нооромиҳо ва эътирозоти зидди давлатӣ дар ин кишвар гардид, барои берун рафтан аз ин буҳрони сиёсӣ тарҳи ташкили ҳукумати ҷадиди технократҳоро пешниҳод карда буд.