Режими саҳюнистӣ Аббосро ба музокироти бе пешшарт фаро хонд
Ба гузориши хабаргузроии Форс, ба нақл аз радиои режими саҳюнистӣ, бархе аз масъулони сиёсии олирутбаи режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба иҳороти Маҳмуд Аббос дар мавриди ин ки дастони фаластиниён ба самти сулҳ дароз аст, аз Аббос хостанд то ба музокироти созиши бидуни пешшарт бозгардад. Ин масъулони исроилӣ гуфтанд, ки Аббос метавонад ҳамаи масоил, аз ҷумла мавзуъи шаҳраксозиҳоро дар мизи музокирот матраҳ кунад.
Радиои режими саҳюнистӣ ҳамчунин гузориш дод, ки Бенямин Натаняҳу, нахуствазири ин режим омодааст, ҳар чи зудтар дар ҳар маконе ки бошад, бо Аббос дидор кунад.
Аббос дирӯз таъкид кард, ки авлавияти мо, идомаи талоши ҷиддӣ барои амалӣ карданӣ ҳаққи худ дар озодӣ ва истиқлол ва поён додан ба дарду ранҷи оворагон аст, ки 65 сол аз оворагии онҳо мегузарад ва ҳамчунин, озодии ҳазорон асир ва боздошт шудаи фаластинӣ аз банди зиндонҳои режими саҳюнистӣ аст.
Вай дар идома аз Исроил хост, то аз байни идомаи шаҳраксозии ғайриқонунӣ ва ҳифзи ишғоли заминҳои Фаластин ва ё дастёбӣ ба сулҳи одилона ва фарогир, ки амният ва субот барои ҳамаи тарафҳо дар минтақаро тазмин кунад, якеро интихоб намояд.