Тоҷикони Краснодар Наврӯзро таҷлил менамоянд
Тавре Бахтиёри Ширин, раиси созмони мазкур ва ҳамзамон раиси комиссияи тадорукоти ҷашнвора ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ҳоло корҳои омодагӣ ба ин санаи муҳим идома доранд. Номбурда ба иштирокдорони ҷаласа оид ба ҷашни Наврӯз иттилоъ дода, меҳмононро бо расму анъанаҳои миллӣ ошно сохт.
Ҳамзамон, дар нишаст раиси созмон инчунин муҳоҷирини тоҷикро ба он дигаргуниҳое, ки дар қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия дар соли 2013 ҷорӣ гардидаанд, шинос намуда, муҳоҷирини тоҷикро ба риояи қонунҳои кишвари қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ даъват кард.