Муаммо: Нархҳо боло, таваррум поин
Сатҳи таварруми Тоҷикистон соли 2012- 6,4 фоиз, 2011- 9,3 фоиз, 2010 -9,8 фоиз, 2009 - 5 фоиз ва 2008 - 11,8 фоизро ташкил дод. Вале бовар кардан ба ин омор бо таваҷҷуҳ ба воқеиятҳои ҷаҳонӣ ва болоравии мудовими нархҳо дар кившар бисёр мушкил аст.
Нишондиҳандаҳо манфисту таваррум поин аст
Таварруми 6,4 фоизи соли 2012 аз рақами соли 2011 ва 2008 хеле поинтар аст. Дар ҳоле соли 2012 чунин рақаме эълон шуд, ки дигар нишондиҳандаҳои алоқаманд ба таваррум вазъияти хубе надоштанд. Тарози савдои хориҷии кишвар порсол нисбат ба соли 2011 - 0,5 млрд. доллар зиёд шуд ва монополияи соҳаҳои гуногун аз тарафи касоне, ки дар ҳукумат нуфуз доранд ва беқурбшавии асъори миллӣ низ аз дигар омилҳои рушди таваррум боқӣ монд.
Қурби сомонӣ ҳам аз соли 2000 то аввали 2008 аз 2,2 ба 3,46 барои як доллар поён рафт ва имрӯз ба 4,84 расидааст. Дар Эрон ҳам баъди таҳримҳои кишварҳои ғарб, пули миллии ин кишвар риёл дар баробари доллар арзиши худро аз даст дод. Агар пештар 1 доллар ба 1 ҳазор тумони Эрон баробар буд, имрӯз 1 доллар ба 4 ҳазор тумони ин кишвар баробар гардида аст.
Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣ мегӯяд, ки мизони таваррум дар асоси баҳисобгирии сабади нархҳои истеъмолӣ ҳисоб мешавад. Қисме аз молҳои ин сабад дар дохил ва қисми дигар аз берун ворид мегардад ва чун нархи молҳо дар бозори ҷаҳонӣ дар ҳолати болову поиншавӣ қарор дорад, ин ба кам ё зиёд шудани таваррум таъсир мерасонад.
"Истеҳсоли гандум дар Қазоқистон боис шуд, то нархи он поинтар равад. Ин ба пастшавии мизони таваррум дар Тоҷикистон таъсир ҳам расонид. Сатҳи таваррум бояд бо истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ қиёс гардад. Агар истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ 10 фоизро ташкил карда бошаду таваррум 6,4 фоиз, пас истеҳсоли мол дар Тоҷикистон ба таври физикӣ зиёд шудааст", гуфт Баҳром Шарипов.
Ба гуфтаи ин коршиноси умури бонкӣ,пур гардидани бозори дохилӣ тавассути молҳои ватанӣ нишон медиҳад, ки тавлидоти дохилӣ афзоиш ёфта ба кам шудани мизони таваррум дар кишвар то як сатҳи муайяне таъсир гузоштааст.Паст шудани таваррум дар кишвар боис шуд, то аҳолӣ соли 2012 бештар аз гузашта дар бонкҳо пасандоз намоянд ва порсол нисбат ба 2 соли пеш ин пасандозҳо 22 фоиз афзоиш ёфт.
Афзоиши нархҳо таварруми поинро инкор мекунад
Дар ҳоле аз таъсири зиёдшавии маҳсулоти дохилӣ минҷумла себу картошка бар поин рафтани мизони таваррум дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 65 дарсади мардуми Тоҷикистон даромади кофӣ надораду набудани ҷои корӣ бо маоши арзанда дар кившар мушкили ҳамешагӣ боқӣ монда, болоравии нархи анвоъи колоҳо бахусус маводи ғизоӣ ҳамчунон идома дорад. Чунончи тибқи омори ғайрирасмӣ таи 1 соли ахир нархи маводиғ изоии асосӣ минҷумла орду гӯшт дар Тоҷикистон то 50% боло рафта аст. Акнун дар бозорҳои Тоҷикистон ҳар кило гӯшти гӯсфанд 38 сомонӣ, гӯшти гов 35 сомонӣ, 1 халта орд 170 сомонӣ, 1 кило равғани растанӣ 13 сомонӣ ва 1 кило панир 34 сомонист. Нархи нон ҳам аз соли 2007 аз 40-50 дирам то имрӯз ба андозаи 60% болорафтаву ҳоло 1 нони хурдтарин 1 сомонист.
Афзоиши нархҳо дар Тоҷикистон ба дигар соҳаҳо ҳам кучидааст. Таи 1 соли ахир нархи ҳар литр бензин аз 5 сомонӣ наздики 8 сомонӣ расидааст. Иҷораи ҳар хонаи иқоматии 60 метрӣ низ дар атрофи шаҳри Душанбе ҳудуди 200 доллар ва дар марказ беш аз 700 доллар аст. Нархи хизматрасониҳои хадамоти коммуналӣ ва обу барқу тилфон тӯли 1 соли ахир дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 50 дарсад рушд ёфта аст. Наздикшавии нархи барқу оби кишвар ба нархҳои ҷаҳонӣ мизони таваррумро боло бурдааст.
Индекси нархҳои истеъмолӣ кӯҳна аст
Аммо профессор Муним Ҳасанов мегӯяд, ки рақами таварруми ироа додаи Кумитаи оморро намешавад зери суол бурд. Чун онҳо ҳар семоҳа ҳисобот медиҳанд ва ҳисобкунандаи аслӣ ҳастанд. Бинобарин ин ҳаҷми таварруми 6,4 фоиз дуруст аст.
Аммо ба ақидаи Ҷаҳонгир Нусратулло таҳлилгари масоили иқтисодӣ , воқеан мизони тавваррум дар Тоҷикистон аз рақамҳои расмие, ки мақомот ироа мекунанд каме болост. Зеро сатҳи таваррум дар асоси оморҳои ғайривоқеии Кумитаи омор ҳисоб мешавад ва ин кумита болоравии умумии нархҳоро дар кишвар ба дурустӣ нишон намедиҳад. Нархҳое, ки Кумитаи омор нишон медиҳад аз нархҳои воқеӣ ба камӣ 15-20 дасрад камтар ҳастанд."Вале тавре медонем мизони таваррум дар асосии омори болоравӣ ва ё коҳиши кулли нархҳо ҳисоб мегардад. Бинобар ин аз сабабе, ки нархҳо воқеӣ нестанд таваррум ҳам аз ҳақиқат дур рафтааст", мегӯяд Ҷаҳонгири Нусратулло таҳлилгари масоили иқтисодӣ.
Баҳром Шарипов низ ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, ки нархҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон вобаста ба бозорҳояшон дигаргун мешаванд. Дар Хуҷанд гӯшту дигар маҳсулоти ғизоӣ назар ба Душанбе арзонтар ҳастанд. Вале дар Хорӯғ нархи ин маҳсулот қиматтар аст.
"Бо назардошти ин омилҳо, ҳангоми бурдани ҳисобот ҳамачизро ба инобат гирифтан мумкин нест. Чун бурдани чунин ҳисоботҳо хароҷотҳои калон ва барномаҳои автоматикунонии фаррохро талаб мекунад. Бинобарин дар ин амр нозукиҳо ҷой дорад. Аммо ин ки ин омор руйпуш карда мешавад, аз ҳақиқат дур аст", илова намуд Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣ.
Ҳисоби омор ва ҳисоби мардум
Иқтисоддонон мегӯянд, ки оморҳои ироа додаи расмӣ дуруст набуда дар Тоҷикистон 30 дарсад изофанависӣ ҷарён дорад ва 6,4 фоиз таваррум дар кишвар асоси воқеӣ надорад. Кумитаҳои омори кишварҳои ҳамсуд низ мизони таваррумро дар Тоқикистон аз 20 фоиз бештар медонанд. Чи тавре, ки рушди иқтисодӣ дар кишвар ғалат ҳисоб карда мешавад, ҳисоб кардани таваррум ҳам чунин аст. Порсол агар бо 100 сомонӣ чизҳои зиёде харида мешуд, имсол бо ин маблағ ҳамонҳоро ҳам наметавон харид. Ин худ таваррумест, ки мардум онро эҳсос мекунанд.
Албатта баҳси воқеӣ набудани сатҳи таваррум танҳо хоси Тоҷикистон нест. Дар Эрон ҳам ин мушкил вуҷуд дорад. Чунончи Бонки миллии Эрон таваррумро дар соли 2013 -32 фоиз пешбинӣ кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки иқтисоддонони мустақил ва ниҳодҳое дар дохили худи Эрон сатҳи таваррумро бисёр бештар арзёбӣ мекунанд.
"Лезка" бо нуфузтарин рӯзномаи иқтисодии чопи Порис ба тозагӣ бо такя ба як гузориши маҳрамонаи "Маркази пажуҳишҳои парлумон" сатҳи таварруми Эронро 88 фоиз арзёбӣ кард.
Аз Эрон гузашта ҳоло сатҳи таваррум дар Амрико ва минтақаи евро 2 дарсад асту дар қудратҳои навзуҳур ва дунёи дар ҳоли тавсеъа байни 6 дарсад аст. Аммо дар мавриди Тоҷикистон ҳам омори Кумитаҳои омори кишварҳои ҳамсояи дар ҳоли тавсеъа, ки таваррумро дар Тоҷикистон 30 фоиз арзёбӣ мекунанд ва ҳам ҳисоботи Кумитаи омори Тоҷикистонро, ки сатҳи таваррумро 6,4 дарсад мегӯяд боварибахш нест. Охир ҳеҷ имкон надорад, ки нархи сӯзишворие, ки болоравиаш ба нархи тамоми коло таъсир мерасонад, беш аз 50 дарсад боло раваду аммо сатҳи тавваррум ба ҷои боло рафтан поин шавад.
Сиёвуш ҚОСИМЗОДА