Арзиши миллии тоҷик чист?
Ҳумайрои БАХТИЁР
Ҳеч давлате бидуни мушаххас кардани арзишҳои миллӣ наметавонад рушд кунад. Зеро бо муаяйн намудани арзишҳои миллӣ гурӯҳҳои ҷомеаро метавон муттаҳид кард. Аз ин хотир ҳоло фурсате расидааст, ки Тоҷикистон низ барои рушди бештари худ бояд арзиши миллиро мушаххас бикунад. Дар ин бора Сӯҳроб Шарипов, вакили папрлумони Тоҷикистон таъкид намуд.
Зиндагии беҳтари тоҷикон
Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, ки мушаххас ва дарк кардани аҳамияти мафҳуми арзишҳои миллӣ барои ҷомеаи феълии кишвар кори чандон осон нест. Дар баъзе мавридҳо гурӯҳе аз соҳибистиқлолии кишвар зиёд гуфта, онро ҳамчун арзиши миллӣ арзёбӣ мекунанд. Аммо бо ин роҳ мо муваффақ намешавем. Чунки арзишҳои миллӣ бояд хеле содда муаяйн карда шавад, то тамоми мардум онро дарк бикунад.
"Ҷомеаи мо гурӯҳҳои гуногун дорад. Ҳар гурӯҳ дар навбати худ мехоҳад арзишҳои миллиро аз дидгоҳи худ муаяйн бикунад. Агар барои гурӯҳе арзишҳои миллӣ ин волотар гузоштани арзишҳои динӣ бошад, барои дигарон ҳуқуқи инсон ва озодии сухан дар мақоми аввал қарор дорад. Сарқонуни Тоҷикистон арзишҳои инсониро муаяйн кардааст. Бо такя бо он меъёрҳо мо бояд арзишҳои миллии худро мушахас кунем", мегӯяд Сӯҳроб Шарипов.
Дар идома номбурда аз таҷрибаи кишварҳои дигар мисол оварда таъкид мекунад, ки арзишҳои миллӣ бояд ба гунае ба роҳ монда шавад, ки он зиндагии беҳтари ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро кафолат бидиҳад.
Арзишҳои миллӣ бояд фарогирӣ арзишҳои динӣ бошанд
Дар ҳамин маврид Воҳидхони Қосиддин, муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки ҳарчанд аз аввал миллати тоҷик дар асоси арзишҳои исломӣ ба сар мебарад. Вале бо ин мо наметавонем арзишҳои миллиро комилан дар асоси арзишҳои исломӣ мушаххас бикунем. Дар ҷомеа гурӯҳҳое пайдо мешаванд, ки ба ин ғояҳо хурдагирӣ мекунанд. Вале ин наметавонад сабаб бошад, то мо арзишҳои динии худро нодида бигирем.
"Гурӯҳҳои ҷомеа бояд бо ҳам машварат анҷом бидиҳанд. Мо бояд андешаҳои худро бигӯем. Аз дигаронро бишнавем. Арзишҳои миллиро мо дар асоси арзишҳои исломӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ки бо ҳам мутобиқанд, муаяйн бикунем", илова кард Воҳидхони Қосиддин.
Муовини раҳбари ҲНИТ бар ин назар аст, ки феълан дар ҷомеаи мо дарки нодурусти мафҳуми арзишҳои миллӣ вуҷуд дорад. Ба сифати далел ҷаноби Қосиддин аз масоиле чун Роғун ва истиқлоли кишвар мисол меорад. Ҳамсӯҳбатам мегӯяд, ки ин гуна мавзӯъҳо наметавонад мардумро ба ҳам орад. Зеро ин масоили мавсимӣ буда, арзишҳои миллиро барои мӯҳлати муаяйне мушаххас кардан дуруст нест. Ба бовари Воҳидхони Қосиддин арзишҳои миллӣ бояд тавре муаяйн бишавад, ки дар ҳар давру замон аз байн нарафта, ба он метавон такя кард.
Истиқлоли давлатӣ ягона арзиши миллӣ
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба андешаи Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) дар мушкилтарин фурсат мардуми Тоҷикистонро мафҳуми истиқлол муттаҳид кард. Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров чӣ гуна метавон истиқлоли давлатро нодида гирифт, замоне, ки барои ба даст овардани он тамоми гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бо ҳам созиш карданд. Арзишҳои дигар замоне рушд хоҳад кард, ки агар он давлат истиқлол дошта бошад. Ба ҳамин хотир арзишҳои миллии Тоҷикистон дар асоси истиқлоли давлат бояд мушаххас шавад.
" Арзишҳои миллӣ бояд ҳатман хусусиятҳои сиёсӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ дошта бошад. Ба таърихи миллат ва давлат бояд пайвастагӣ дошта бошад. То тамоми ҷомеа барои расидан ба ин арзиш кӯшиш дошта бошанд", гуфт Сайфулло Сафаров. Аммо мегӯяд номбурда бо ду ибора ва ё ҷумла мушаххас кардани арзишҳои миллӣ имконнопазир аст.
Таъмини ҳуқуқи инсон -арзиши миллӣ
Дар ҳамин маврид Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҲУСДТ мегӯяд, ки Сарқонуни Тоҷикистон то ҷое беҳтарин арзишҳои миллии моро мушаххас кардааст. Зеро мафҳумҳои озодӣ ва ҳуқуқи инсон, кишвари ҳуқуқбунёд, демократӣ ва давлати иҷтимоӣ дар Сарқонун зикр шудаанд, ин арзишҳо бояд таъминкунандаи зиндагии беҳтари шаҳрвандон бошад. Аммо бо таваҷҷӯҳ бо сатҳи зиндагии мардум мо наметавонем бигӯем, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст.
"Тоҷикистонро давлати комилан демократӣ гуфтан шояд чандон дуруст набошад. Барои эътироф кардани хусусияти дунявии давлати Тоҷикистон низ мушкилоти зиёдро метавон номбар кард. Ҳамчунин волоияти ҷонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеаи мо халалдор мегардад", гуфт Шокирҷон Ҳакимов. ӯ бар ин назар аст, ки бидуни фароҳам овардани шароити хуби иҷтимоӣ ва озодии комил мо наметавонем арзишҳои миллиро муаяйн бикунем.
Дар таҷвияти ин суханҳо Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки воқеан барои ҷомеаи Тоҷикистон мушаххас кардани арзиши миллӣ як каме мушкил дорад. Чунки мо бояд арзиши миллиро ба гунае мушаххас бикунем, ки онро ҳам демократҳо, исломгароҳо ва комунистҳо қабул дошта бошанд.
Арзиши миллӣ бояд баёнгари фарҳанг ва ҳуввияти миллати тоҷик бошад
Ба бовари Парвиз Муллоҷонов дар ҳоли ҳозир арзишҳои миллиро мо бояд бо дарназардошти ҳуввияти миллати тоҷик, забон, фарҳанг, алифбо ва таърих мушаххас бикунем. "Чунки бидуни арзишҳо ва ғояҳои миллӣ Тоҷикистон ҳамчун давлат устувор нахоҳад буд. Арзиши давлатдорӣ ва фарҳанги тоҷикон бояд қабл аз ҳар гуна ғояҳои миллӣ қарор бигирад", таъкид намуд таҳлилгари тоҷик.
Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки муаяйн кардани арзишҳои миллӣ дар шароити феълӣ барои муттаҳид кардани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа беҳтарин роҳ аст. Аммо ин иттиҳод танҳо бо барқарор кардани муколама миёни доираҳои гуногун ба даст хоҳад омад. Дар ҳамин ҳол Сӯҳроб Шарипов, вакили мардумӣ гуфт, ки имкони ба роҳ мондани муколама миёни мардум хеле зиёд аст. Номбурда аз қазияи халабонҳои рус ёд оварда, мегӯяд, ки ин ҳодиса муттаҳидии ҷомеаро барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ бори дигар исбот намуд.
Чунин ба назар мерасад, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон муаяйн кардани арзишҳои миллӣ чандон кори содда нест. Равшанфикрон бар ин назаранд, ки ҳангоми муаяйн намудани арзишҳои миллӣ фарҳанг, суннатҳо ва меъёрҳои дигари ахлоқӣ бояд дар назар гирифта шавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки давоми чанд соли охир ҳукумати Тоҷикистон барои бароварда сохтани баъзе манфиатҳои худ аз арзишҳои давлатӣ фаромӯш мекунад. Мутаасифона, дар таъини меъёри арзишҳои миллӣ дар ҷомеаи мо дугонагӣ ва номуаяйниҳо мушоҳида мешавад. Кор то ҷое расида, ки гоҳо талош мешавад мансубияти маҳаллӣ, қавмӣ ва манфиатҳои гурӯҳиро ба унвони арзиши миллӣ ироа намоянд. Беш аз ин ҳатто беарзиштарин мафҳуму меъёр ва масоили рӯзмараро ба сифати арзиши миллӣ мехоҳанд матраҳ кунанд.
Новобаста аз ин ҳама ҳамчунон пурсиши асосӣ ин аст, ки арзишҳои миллии як тоҷик ва як шаҳрванди Тоҷикистон, ки мавриди қабули аксари ҷомеа бошад кадом аст? Ҷои афсӯс дорад, ки пурсишҳои мо дар ин маврид аз коршиносон ва ҳамватанон бепосух монд. Ба ростӣ, арзиши миллии тоҷик кадом ва чист?