Адабчӯб барои журналистон
Соли 2013 дар Точикистон раванди ба додгоҳ кашидани журналистон авҷ гирифт. Ҳанӯз 50 рӯз аз соли нави мелодӣ сипарӣ нашуда, дар додгоҳҳои пойтахт варақҳои се парванда "ғафс" мешавад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ин барномаи тарҳрезишудае дар пешорӯи интихоботи раёсатчумҳурист ва ҳушдорест ба рӯзноманигорони дигарандеш. Ба қавли соҳибназарон, қазияҳои додгоҳӣ яке аз чунин усулҳост ва бояд интизори шеваҳои дигар ҳам буд.
1) Мушкили сабти номи журналист
Қазияи Абдуқаюми Қаюмзод, як тан аз журналистони варзидаи тоҷик тайи як моҳи ахир дар сархати расонаҳои хабарии ватанӣ ва хориссӣ қарор дорад. Маҳофили мухталиф ҳам бештар аз Қаюмзод ва "кор"-и ӯ мегӯянд. Аммо баҳс на сари мусоҳиба ё матлабҳои ҳирфаии ӯст. Вазорати корҳои хориҷӣ аз тамдиди сабти номи ӯ ба унвони корманди расонаи хориҷӣ худдорӣ кардааст. Мавсуф хабарнигори бахши тоқикии Радиои Озодӣ дар Тоқикистон аст ва тибқи қонунгузорӣ барои фаъолияти касбӣ бояд иҷозатномаи ВКХ-ро гирад. Аммо вазорат то ҳанӯз сабаби тамдид накардани аккредитатсияи ҷаноби Қаюмзодро шарҳ надодааст. Зимнан, бархе расонаҳо садорати радиоро интиқод карданд, ки қазияро ба ҳоли худ гузошта ва барои сабти номи кормандаш талоши чандоне намекунад, ҳарчанд "Озодӣ" расман дар ин маврид мавқеъгирӣ кард. Сафорати ИМА дар Душанбе ҳам бо пахши изҳороте нигаронии амиқи худро дар мавриди сабти ном нашудани Абдуқаюми Қаюмзод баён кард.
Гуфта мешавад, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар поёни моҳи декабри соли гузашта Абдуқаюми Қаюмзодро огоҳ кардааст, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад.
Бархеҳо ин қазияро ба интихоботи президентӣ рабт медиҳанд. Ба қавли онҳо бо сабти ном накардани Абдуқаюми Қаюмзод, ки ба қавле дар жанри мусоҳиба "устухон" надорад, фазо "оромтар" хоҳад буд. Зеро табиист, ки Абдуқаюм дар арафаи интихобот ҳатман сил-силаи мусоҳибаҳои ихтисосиро бо афроди касбу кори мухталиф анҷом медиҳад, ки барои гуруҳе хуш намеояд.
2) Даъвои додгоҳӣ алайҳи журналист
Амруллоҳи Низом, хабарнигори Оҷонсии иттилоотии "Тоҷнюс" ба қои нигориши матлаб ва омода кардани хабару гузоришҳо ҳамакнун дар додгоҳ саргардон аст. Кумитаи дини назди ҳукумати Тоқикистон алайҳи ӯ ба Вазорати корҳои дохилӣ шикоят бурд. Ин ниҳоди давлатӣ Амруллоҳро дар дағалӣ, дашном додан ва беиҷозат вориди бино шудан айбдор кардааст. Ҳоло ин парванда дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур мавриди баррасӣ қарор дорад.
Тавре расонаҳо менависанд, 16-уми январ чор корманди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нафаре, ки худро сардори ин ниҳод ном бурд, ба дафтари кории "Тоҷнюс" омада, кӯшиш карданд, Амруллоҳи Низомро боздошт намоянд, аммо чун барои боздошт иҷозатнома ё санади зарурӣ надоштанд, ба ин кор муваффақ нашудаанд.
Гуфта мешавад, ба эҳтимоли зиёд қазияи додгоҳии хабарнигор ба интиқодҳои хабарнигор ба корҳои илмии роҳбарияти Кумитаи дин рабт дорад. Амруллоҳи Низом борҳо аз тариқи расонаҳо дар бораи он ибрози назар карда буд.
3) Тақозои 50 000 сомонӣ аз рӯзномаи "ИмрӯзNews"
"Боқиев ва Ҳукумов "дарди сар"-и падарҳо шудаанд". Унвони матлабест, ки боис шуд, писари раиси КВД "Роҳи оҳани Тоқикистон" аз нашрияи "ИмрӯзNews" маблағи ҳангуфтеро товони зарари маънавӣ талаб намояд. Рустам Ҳукумов дар ин навиштаи Назири Нусрат, сардабири "ИмрӯзNews" ва муаллифи матлаб, ки 16-уми октябри соли гузашта нашр шуд, нисбати худ "ҳарфи ноҷо" ёфтааст.
Фарзанди Амонулло Ҳукумов бо пешниҳоди аризаи даъвоӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муроҷиат кардааст. Рустам зарари маънавии аз ин матлаб ба ӯ расидаро 50. 000 сомонӣ арзёбӣ карда, акнун аз "ИмрӯзNews" онро ситониданист.
Мурофиаи аввали додгоҳӣ дар ин робита бо дархости вакили дифои даъвогар пушти дарҳои пӯшида сурат гирифт.
Масъулини "ИмрӯзNews" мегӯянд, ки барои пӯшида гузарондани мурофиа ҳеч асосе вуҷуд надошт, зеро "аз тамоми паҳлӯҳои ин қазия аллакай ҳама хабардоранд ва ин ҷо сирри давлатӣ ё маълумоти ба ҳаёт таҳдидкунанда вуҷуд надорад". Вакили дифои "ИмрӯзNews" дархост намуд, ки мурофиа кушода баргузор шавад. Назири Нусрат, муаллифи мақола мегӯяд, дар навиштааш чизеро гуфтааст, ки даҳҳо расонаи Русия қаблан навишта буданд ва ӯ ҳеч чизи наверо нагуфтааст.
Маврид ба ёдоварист, соли 2010 Рустам Ҳукумов бо иттиҳоми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Русия боздошт ва ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуд, аммо моҳи декабри соли 2011 ӯро бегуноҳ эътироф карда, раҳо карданд. Қазияи маҳбасӣ будани Рустам Ҳукумов замоне матраҳ шуд, ки дар Тоҷикистон парвандаи маъруф ба "Боздошти халабонҳои рус" рӯ зад. Он вақт бархе коршиносон ҳадс заданд, ки боздошти лёчикҳо ва ба 8,5 соли зиндон ҳукм гирифтанашон аз сӯйи додгоҳи Қӯрғонтеппа барои раҳоии писари Ҳукумов аст. Баъди аз сӯйи додгоҳи таҷдиди назар аз толори суд озод шудани халабонҳо хабари раҳоии Рустам ҳам расид.
4) Мудири собиқ ҳам даъвои товон дорад
Абдулло Ашӯров, хабарнигори радиои "Озодӣ" ҳам қазияи додгоҳӣ дорад ва ӯ ҳам ба унвони ҷавобгар. Абдуллоро як матлабаш дар мавриди боғчаи бачагонаи №93-и шаҳри Душанбе вориди баҳси додгоҳӣ кард. ӯ дар гузорише аз нақли волидони кӯдакон гуфт, дар боғчаи мавсум ба "Санҷобча" масъулон ва мураббияҳо ба фарзандонашон бадрафторӣ кардаанд. Дар ин гузориш ҳамчунин аз қавли Хуршед Чӯпонов, ки ду фарзандаш дар ин кӯдакистон будааст, гуфта мешуд, ки "се моҳ пеш вақте мудири нави кӯдакистони № 93 - Соҷида Назарова ба кор шурӯъ кард, қимати харҷи моҳонаро аз 40 сомонӣ ба 70 сомонӣ боло бурд".
Баъди чанд соати ин гузориш "Озодӣ" дар матлабе аз қавли Ёдгора Наҷмиддинова, мутахасcиси муассисаҳои томактабии Раёсати маорифи ноҳияи Синои пойтахт, навишт, ки вазъи кӯдакистони "Санҷобча" мавриди тафтиш қарор гирифта ва маълум шуд, ки шикоятҳои волидон дар мавриди бадрафторӣ нисбат ба тифлон ҷой доштааст. "Ба мудири ин кӯдакистон Соҷида Назарова ва сарошпази он Шаҳрбону Қурбонова барои бемасъулиятӣ зоҳир карданашон танбеҳ эълон карда шуда, ду мураббияи дигари он Шарифа Давлатова ва Таҳмина Шарифова аз кор озод карда шуданд. Чунки маблағи таҳсил дар боғчаҳо 40 сомонӣ муқаррар шудааст, вале маъмурияти ин кӯдакистон аз падару модарон ғайриқонунӣ 70 сомонӣ маблағ меситонидааст",-илова кардааст Наҷмиддинова ва афзудааст, ки пас аз тафтиши фаъолияти боғча нисбат ба мудири он ва мураббияҳо барои гирифтани "пора" протокол тартиб дода шуда, ба раҳбари раёсати маориф пешниҳод шудааст, ки дар навбати худ онро ба ниҳодҳои марбута ирсол кунад. Баъди чанд фурсат Соҷида Назарова ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ шикоят бурд ва барои зарари маънавӣ аз хабарнигор 50. 000 сомонӣ талаб кард.
Вокуниш: рӯзноманигорони танҳо…
Вақте як ҳамкори мо бахше аз ин қазияҳоро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба баҳс кашид, вокунишҳои зиёдеро ба миён овард. Меҳмоншо Шарипов, яке аз истифодабарандагони ин шабака навишт, ки дар набарди фикрӣ ва ҳақиқатҷӯӣ рӯзноманигорон танҳо мондаанд ва ҷомеа ҳамчун як қисми ягонаи воҳид ва огоҳ вуҷуд надорад то аз рӯзноманигор ҳимоят кунад: "Фикр намекунам, қазияи хабарнигорон боадолатона ҳал шавад".
Талабшоҳи Салом навиштааст, ки ахиран таваҷҷӯҳи ҷомеа (на давлат) ба ВАО зиёд шудааст, зеро дигар фарёдрасе надоранд. "Бинобар ин ВАО ҳам ба огоҳии онҳо таъсир мерасонад, бинобар ин мансабдорон мехоҳанд бархӯрди ҷиддӣ ва то ҷое таҳдид ҳам дошта бошанд. Зеро хонандаҳо аз аъмоли шуми онҳо бештар мутталеъ мешаванд".
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик бошад, ҳушдор додаст, ки соли 2013 тамоми хабарнигорони ҷасур ва матбуоти мустақилу озодро тақдири се хабарнигори дар боло гуфта шуда интизор аст. "Тоҷикистон вориди майдони сиёсии пеш аз интихоботӣ мегардад ва ВАО барои ҳукумат дарди сар аст. Ин як василаи таъсиррасонӣ ба асаби журналистон аст ва мехоҳанд ВАО-ро бо судбозиҳо банд кунанду хабарнигорон барои фош кардани камбудиҳою тақаллубкорӣ вақт наёбанд. Ин як интригаи ҳукумат аст", навиштааст Воҳидова.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон ҳам мегӯянд, қазияи додгоҳии се хабарнигор оғози кор аст. Ва дар нӯҳ моҳи дигар шояд ҷомеа шоҳиди ҳолатҳои бештаре шавад. Дар баробари қазияҳои додгоҳӣ гуфта мешавад, шояд тими "доброволетс"-ҳо низ дар ин давра фаъол шаванд ва бо маҳорати хосу СМС-ҳо чандин сомонаро масдуд созанд.
Абдулазизи ВОСЕЪ