Исроил: Либерман дар додгоҳ ҷапвоб мегӯяд
Ба гузориши хабаргузориҳои хориҷӣ, собиқ вазири умури хориҷаи Исроил ба хотири кӯмаки ғайриқонунияш ба Зейнаб Бен-Арӣ, собиқ сафири Тел-Авив дар Беларус, барои дарёфти симати сафирии кишвараш дар Ҷумҳурии Латвия муттаҳам дониста мешавад.
Гуфта мешавад, Зейнаб Бен-Арӣ ба хотири огоҳ намудани Авигдора Либерман, собиқ вазири умури хориҷаи Исроил аз бозҷӯйи маҳрамонаи пулиси кишвараш дар мавриди фасоди молии ӯ дар Беларус симати сафирии Исроил дар Ҷумҳурии Латвияро ба даст оварда буд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар сурати исбот шудани иттиҳомоти ворида алайҳи собиқ вазири умури хориҷаи Исроил ӯ ба беш аз се моҳ равонаи зиндон гардида, ба муддати 7 сол аз фаъолият дар идораҳои давлатӣ маҳрум мешавад. Инчунин, курсии худро дар парлумон аз даст хоҳад дод.