10 ҳазор хизматчии ҳарбӣ барои гузашти ҳарбӣ омода мешаванд
Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ ба Озодагон иттиллоъ дод, 10 ҳазор хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Муасисаҳои оллии таълимии ҳарбӣ ва миёнаи низомӣ, қисмҳои низомии қушунҳои зудамал, қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, воҳидҳои низомии қушунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, қушунҳои дохилӣ, Бригадаи 6593-и Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия, ҷузъу томҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ, ки дар ҳудуди гарнизони Душанбе мустақаранд, барои расми гузашти ҳарбӣ аз майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт омодагӣ мебинанд.
Гуфта мешавад, ки бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ як қатор мусобиқаи умумиҳарбӣ аз қабили ба қисмҳо ҷудо намудану насб кардани яроқҳои оташфишони сабуки ҷангӣ, вазнбардорӣ, футболу валейбол ва дигар чорабиниҳо миёни взводу ротаҳо, баталионҳои алоҳида, қисмҳои низомӣ ва бригадаҳову навъҳои қушун ҷараён дорад.