Тими МегаФон-Тоҷикистон дар пойтахти Русия бо лоиҳаи вижа баромад мекунад
Шаҳноз Комилзода, PR-менеҷери ин ширкат аз Маскав бо Озодагон дар тамос шуда гуфт: «14-15 феврал дар дар бинои Оҷонсии иттилоотти Русия (РИА) "Новости" ҳимояи PR лоиҳаҳои ҷоизаи миллӣ оид ба иртибот бо ҷомеаи "Серебряннйй лучник" баргузор мешавад».
Ба гуфти бону Комилзода, ин барои нахустин бор аст, ки тими Тоҷикистон дар ин ҷоизаи бонуфуз муаррифӣ мешавад. Хадамоти PR-и "МегаФон Тоҷикистон" дар ин сабқати байнулмилалӣ лоиҳаи "Рӯзҳои МегаФон"-ро дар бахши "Иртибот дар ҳолати ҷаҳонишавӣ" муаррифӣ мекунад.
Оғози барнома: Соати 10-30 дақиқа бо вақти Душанбе