Футбол: Бозии лигаи «Қаҳрамонҳои Аврупо» идома дорад
Тибқи иттилоъи расонаҳои хориҷӣ, рӯзи 13-уми феврал дастаи «Шахтёр»-и Украина бо «Боруссия»-и Олмон ба сабқат баромад. Бозӣ мусовӣ бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Бозии «Реал мадрид»-и Испания бо «Манчестер Юнайтед»-и Англия низ мусовӣ- 1:1 ба охир расид. Ин дидор дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу»-и шаҳри Мадрид сурат гирифт.
Ду бозии дигари ин давр рӯзи 12-уми феврал баргузор шуд. Дастаи «Валенсия»-и Испания аз тими «ПСЖ»-и Фаронса бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. «Селтик»-и Шотландияро «Ювентус»-и Италия бо ҳисоби 0-3 мағлуб кард.
Лигаи қаҳрамонҳо:
12 феврал
«Валенсия» (Испания) – «ПСЖ» (Фаронса) 1-2
«Селтик» (Шотландия) – «Ювентус» (Италия) 0-3
Бозиҳои такрорӣ 6-уми март сурат мегиранд.
13 феврал
«Шахтёр» (Украина) – «Боруссия» Д (Олмон) 2:2
«Реал» (Испания) – «Манчестер Юнайтед» (Англия) 1:1
Бозиҳои такрорӣ 5-уми март баргузор мешаванд.
19 феврал
«Порто» (Португалия) – «Малага» (Испания)
«Арсенал» (Англия) – «Бавария» (Олмон)
Бозиҳои такрорӣ 13-уми март баргузор мешаванд.
20 феврал
«Галатасарай» (Туркия) – «Шалке-04» (Олмон)
«Милан» (Италия) – «Барселона» (Испания).
Бозиҳои такрорӣ 12-уми март доир мегардад