Мизони таваррум ҳудуди 0,5%-ро ташкил дод
Давоми як моҳи соли равон сатҳи таваррум ним фоизро нишон медиҳад, ки ин нишондод дар моҳи январи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ буд. Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва нақшаҳои он дар соли 2013, сатҳи таваррум дар ҳадди 9% нигоҳ дошта хоҳад шуд.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, дар давоми 12 моҳи ахир мизони таваррум дар Тоҷикистон ба 7,7% расидааст.
Лозим ба ёдоварист, соли 2012 меъёри таваррум раванди муътадилро нигоҳ дошта, 6,4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2011 ҳудуди 2,9 банди фоизӣ кам мебошад.