Мониторинги фаъолияти милитсия дар Тоҷикистон сурат мегирад
Аз 12 то 24-уми феврал дар Тоҷикистон мониторинги ҷамъиятии фаъолияти милитсия гузаронида мешавад.
«Дар доираи ин чорабинӣ ҷанбаҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор мегиранд, аз ҷумла, дастрасӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ, фаъолияти хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва кори «телефонҳои боварӣ»-и милитсия. Сергей Романов, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» дар ин бора ба Озодагон иттилоъ дода гуфт, мониторинги ҷамъиятӣ дар кишвари мо ҳамзамон бо раванди оғозшудаи ислоҳоти мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад: «Мутобиқи Стратегияи ислоҳоти милитсия, мақомоти мазкур бояд ба ҷомеа наздиктар шавад. Мо аз рӯйи натиҷаҳои мониторинг як қатор тадбирҳоро пешниҳод месозем, ки барои расидан ба мақсаду вазифаҳои Стратегияи ислоҳоти милитсия равона шудаанд».
Номбурда афзуд, ки моҳи феврал ба ғайр аз Тоҷикистон мониторингҳои ҷамъиятии фаъолияти мақомоти пулис (милитсия) дар Русия, Укроин, Белорус, Арманистон ва Молдова гузаронида мешаванд. «Дар моҳи декабри соли 2012 коршиносони масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон бо дастгирии Сафорати Бритониё дар Укроин таҳлили заминаҳои меъёрии миллию байнулмилалиро гузаронида, талаботи ҳадди ақалро омода карданд, ки ба он кормандони мақомоти корҳои дохилии ҳар як аз ин кишварҳо бояд мутобиқ бошанд. Дар асоси ин талабот алгоритми ягонаи мониторинги шӯъбаҳои пулис ва ҳайатҳои нозирони пулис омода карда шуд. Ба ин тариқ, фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бори нахуст аз василае истифода мекунанд, ки тавассути он вазъи риояи ҳуқуқи инсон аз ҷониби пулис (милитсия)-и кишварҳои гуногун мавриди муқоиса ва арзёбӣ қарор мегирад», - мегӯяд Романов.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони ҳар як кишваре, ки дар қаламрави он санадҳои дахлдори байнулмилалии марбут ба пулис пазируфта шудаанд, ҳуқуқ доранд, аз ҳукумати худ мутобиқати фаъолияти пулис ба ин стандартҳоро тақозо кунанд. Яке аз мақсадҳои асосии ин мониторинг санҷидани он мебошад, ки то кадом андоза пулис дар кишварҳои мо омода аст, ба манфиати инсон кор кунад, на бар зарари он