Суғд: «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ пазируфта шуданд
13-уми феврал дар толори хурди Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи аввалини Шӯрои ҷамъиятии вилоят дар соли равон сурат пазируфт.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, ҷаласаро раиси Шӯрои ҷамъиятии вилоят, раиси вилоят Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуд. Дар нишаст ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар вилояти Суғд ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятии вилоят қабул карда шуд. Пас аз он «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии вилоят дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013-ум» муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов гузориш дод.
Инчунин, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Саидбой Зокиров, раиси созмони вилоятии ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Дилбар Самадова, раиси бахши вилоятии ҳизби демократии Тоҷикистон Файзуллоҷон Файзиев, муовини аввали раиси ҳаракати ҷамъиятии ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, профессор Атохон Сайфуллоев, раиси бахши вилояти суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода ва дигарон дар бораи фаъолияти яксолаи Шӯрои ҷамъиятии вилоят сухан гуфта, онро қаноатбахш баҳогузорӣ карданд.