Баррасии ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистон
Имрӯз, 13-уми феврал, Шукурҷон Зуҳуров, раиси МН-и Тоҷикистон, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар шаҳри Исломобод қарор дорад, бо муовини раиси Луи Ҷиргаи Афғонистон Неъматулло Ҷаъфарӣ бо дархости номбурда мулоқот намуд.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар аз шаҳри Исломобод ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар нишаст бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Зуҳуров густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишварро барои таҳкими равобити дигар соҳаҳо муҳим хонда, ҳамзамон изҳор дошт, ки равобити ҳарду кишвари дӯст ва ҳамзабонро метавон дар асоси ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тақвият бахшид, аз ин рӯ, мо бояд бештар барои фароҳам овардани чунин шароит ба муносиботи дуҷонибаи байнипарлумонӣ такя кунем: «Миёни парлумонҳои ҳар ду давлат гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъол ҳастанд ва ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳҳо низ фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди равобити байнипарлумонии икшварҳои мо мебошад».
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон аст, зеро мавҷуд будани оромӣ ва субот дар кишвари ҳамсоя барои тақвияти сулҳ ва якпорчагии дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва дар маҷмӯъ минтақа аст. «Имрӯз дар Афғонистон бояд пружаҳое амалӣ шаванд, ки мардумро ба меҳнати осоишта ҷалб карда тавонанд. Мо бояд ҳамкориҳои иқтисодиамонро бештар ривоҷ диҳем. Пеш аз ҳама мо бояд ба лоиҳаҳое, ки хати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон–Покистонро бо ҳам мепайвандад, диққати ҷиддӣ диҳем», гуфт раиси МН.
Маврид ба тазаккур аст, ки то имрӯз шаш пули калон Тоҷикистонро бо давлати ҳамсоя Афғонистон мепайвандад, ки онҳо маҳз ба ривоҷи савдои наздисарҳадӣ, мубодилаи молҳо, рафту омади шаҳрвандон ва дар ниҳояти кор ба беҳдошти зиндагии мардуми Афғонистон равона шудаанд. Созишномаи сегонаи савдои транзитии Тоҷикистон–Афғонистон-Покистон аз масъалаи дигари баррасишавандаи мулоқот буд. Қайд шуд, ки ҳалли ин масъала метавонад ба содда намудани реҷаи интиқоли бор байни се давлат ва рушди тиҷорат дар минтақа таъсири мусбат расонад. Дар нишаст ҳамчунин ба масъалаи интиқоли хати барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон дар партави лоиҳаи CASA-1000 ва масъалаи амниятии минтақа таваҷҷӯҳи хосса зоҳир шуда, оиди ҳарчи тезтару зудтар дар амал татбиқ шудани ин пружаҳо фикрҳои ҷолиб баён карда шуд.
Ҳамзамон, Неъматуллои Ҷаъфарӣ низ дар навбати худ хостори густариши муносиботи парлумони кишвараш бо парлумони Тоҷикистон шуд. Ӯ аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус президенти Тоҷикистон бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд .
Манбаъ афзуд, пас аз ин сафари расмии раиси Маҷлиси намояндагон дар шаҳри Исломободи Покистон ба охир расида, субҳи 14 феврал дар роҳи бозгашт Шукурҷон Зуҳуров ба Туркия парвоз мекунад.