Баррасии дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Бонки рушди АвруОсиё дар Вазорати иқтисод
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ муовини вазир Умед Давлатзод бо Сардори Раёсати таҳлилии Бонки рушди Авруосиё, хонум Элла Байбикова мулоқот намуд.
Дар ин бора ба Озодагон Нуралӣ Шоқурбонов сардори Хадамоти матбуотии Вазорати мазкур иттилоъ дод.Бино ба иттилои манбаъ, иқтисод ва тиҷорат, энергетика ва саноат, кишоварзӣ, дастгирии бахши хусусӣ, рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятнок аз аз мавзӯи меҳварии мулоқоти Умед Давлатзод бо хонум Элла Байбикова маҳсуб гардид.
Сарчашмаи хабар афзуд, ки сипас, хонум Элла Байбикова изҳор дошт, ки мо омодаем баҳри рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳими он саҳми назарраси худро гузорем. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф ибрози назар намуданд.