Назири Нусрат, сардабири нашрияи мазкур дар сӯҳбат бо Озодагон гуфт, дар ҷаласаи навбатӣ баррасии далелҳои хаттӣ сурат гирифт: “Ҳамин тариқ , Шерзод Низомов, қозии парванда то рӯзи душанбе 18-уми феврал танаффус эълон кард”.
Ёдрас менамоем, ки дар нашрияи мазкур матлабе таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов: «дарди сар» - и падарҳо шудаанд» нашр шуда буд, ки дар он аз маводи расонаҳои хориҷӣ низ истифода шудааст. Чанде қабл бошад, Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» рӯзномаро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, аз додгоҳ хоста буд, шаъни ӯро барқарор кунад. Номбурда аз рӯзномаи “Имрӯз News” 50. 000 сомонӣ талаби ҷуброн кард ва ҳамчунин аз додгоҳ хост, то даъвои ӯро пушти дарҳои баста баррасӣ кунад.