Тавре ба хабарнигори Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар моҳи январи соли 2013 дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилояти Суғд 18 ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда соли гузашта дар моҳи аввал низ 18 нафарро ташкил менамуд.
Гуфта мешавад, миёни ин ашхос 8 нафарашон мард, 1 писарбачаи ноболиғ ва 10 нафар занон будаанд.