Масҷиди баландатарин дар дунё. Дар ошёнаи 157-ум
Баландтарин масҷиди дунё, ки дар ошёнаи 157-уми Бурҷи халифаи шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб воқеъ аст, ифтитоҳ гардид.
Бино ба навиштаи рӯзномаи «ар-Риёз»-и Арабистони Саудӣ, масҷиди мазкур чанде қабл зимни маросиме, ки дар он яке аз имомони Масҷидулҳароми шаҳри Макка шайх Холид Ғомидӣ ширкат дошт, ифтитоҳ карда шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, шайх Холид Ғомидӣ бо даъвати масъулони Бурҷи халифа ба ин маросим ташриф оварда, аввалин намоз бо имоматии ӯ дар ин масҷид гузорида шудааст.
Маврид ба тазаккур аст, Бурҷи халифа бо баландии 828 метрии худ ба унвони баландаринт бино дар рӯйи замин ба шумор рафта, дар авоили соли 2010 ифтитоҳ гардидааст.