Зимнан, ба хабарнигори Озодагон ва рӯзномаи ИмрӯзNews эълом доштанд, ки шумо иҷозаи ширкат дар нишастро надоред, аммо сабабаш шарҳ дода нашуд.
Инак, матни гуфтумоне, ки миёни хабарнигори Озодагон ва Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират сурат гирифт:
...
Қодирӣ: Кӣ ҳаст аз “Озодагон” ?
Хабарнигор: ман ҳастам.
Қодирӣ: Шумо-да иҷозат нест!
Хабарнигор: Барои чӣ?
Қодирӣ: Шуморо раҳ додагӣ нестанд, дар списка нестен, Алишер як-чӣ навишта буд, барои ҳамин. Бад ин ҷо пешакӣ бачаҳо номнавис шудагиян...
Садои хабарнигори дигар: Ин ҷо дар нишастҳои матбуотӣ ихелӣ нест, ку касе, ки ояд меояд.
Қодирӣ: Хай аку списка кардагиянд.
Хабарнигор : Шумо хабарнигоронро дар нишастҳои худ интихоб мекунед?
Қодирӣ: Не, Алишер як ду мақола навишта буд, Девонаевро танқид кард, ӯ баъд ҳамон Озодагонро шум мебинад ва гуфт маъқул нест.
Хабарнигор: Бад мебинад? Оё ҳақ дорад, ки ӯ чунин муносибат кунад?
Қодирӣ: Хай аку инро аз як журналисти дигар пурсидан даркор аст, ки ҳақ дорад ё не. Ман ростӣ намедонам, инро раҳбарият худаш таъйин мекунад.
Хабарнигор: Ягон корманди аз шумо болотар аст, бо ӯ дар ин маврид суҳбат кунем, ки хабарнигоре маъқулаш нест, роҳ намедиҳанд?
Қодирӣ: Не, хабарнигор маъқул не, Озодагон як ду се мақолаҳои безеб навишт, барои ҳамин инора манъ кард.
Хабарнигор: Чӣ тавре маълум аст, ҳама чиз бояд дар асоси қонун бошад, агар мақола нодуруст буд, пас шумо метавонистед раддия нависед, шикоят кунед...
Қодирӣ: Супориш дода шудааст, ки ҳамин Озодагон роҳ дода нашавад.
Хабарнигор: Кӣ супориш додааст?
Қодирӣ: Худи Девонаев супориш додааст, ки наоянд дар нишастҳо. Хубшам мекунӣ, хидматшам мекунӣ бад менависа, бадшам...(?)
Қодирӣ: Шумо аз куҷоед?
Хабарнигори Имрӯзнюз: Аз Имрӯзнюз
Қодирӣ: Имрӯзнюз шумодам иҷозат нест
Хабарнигор: Яъне шумо мегӯед, ки...?
Қодирӣ: Ҳамин ду газите, ки чизои манфӣ менависанд, гуфтан намонен, дар списка хат задан.
Хабарнигор: Яъне, Девонаев гуфт?
Қодирӣ: Ҳо, худш гуфт, ки ҳаминро нанависе, масалан Бӣ-Бӣ-Сӣ занг зад, номша гуфт, аз top.tj, inform.tj занг задан, гуфтан.
Хабарнигори Имрӯзнюз: Кадом нашрияҳо нестанд?
Қодирӣ: Ҳама ҳастанд, аз “Ҷумҳурият” сар карда, то “Минбари Халқ” ва “Бонувони Тоҷикистон”
Хабарнигори Имрӯзнюз: Яъне, барои мо мумкин нест?
Қодирӣ: Не, дар списка нестен...
( Сабти садои сӯҳбат маҳфуз аст)