Қарордодҳое ба арзиши 30 миллиард долларро, ки ба 1500 ширкати афғонӣ ва хориҷӣ таалуқ дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар натиҷаи ин баррасиҳо, фаъолияти 20 ширкати ( даргири ин қарордодҳо) мутаваққиф шуда ва даҳҳо хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони амрикоӣ дар иртибот ба ин қазоё шиносоӣ ва муҷрим шинохта шуданд...
Идомаи ҳузури низомии Амрико ва муттаҳиддини он дар Афғонистон бо интиқодоти зиёде ҳамроҳ буда ва ба нақши вайронгари ин неруҳо дар афзоиши ноамнӣ дар Афғонистон ва куштори ғайринизомиён ва низ афзоиши тавлиди маводи мухаддир, мавриди таъкид қарор гирифтааст. Ин дар ҳоле аст, ки ифшогариҳо баёнгар аз ихтилос ва ғоратгарии миллионҳо долларии Пентагон ва НАТО дар Афғонистон аст. Дар ин росто, вазорати дифоъи Амрико (Пентагон) ва созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) ба сӯиистифода ва ихтилоси миллионҳо доллар дар пружаҳои ба истилоҳ низомии Амрико барои низомиёни афғон муттаҳам шуданд.
Ҷон Оф Сопку, бозраси кулли вижаи конгресси Амрико дар умури бозрасии Афғонистон, эълон кардааст, ки бештари пойгоҳҳое ки барои низомиёни афғон аз суи Амрико сохта шудааст, кайфияти лозимро надорад. Ҳамчунин, таҳқиқоте дар хусуси хариди 475 миллион доллар сузишворӣ дар маркази фармондеҳии НАТО дар Афғонистон, ки асноде дар он вуҷуд надорад, оғоз шудааст. Ин дар ҳоле аст ки Сопку, Пентагон ва идораи тавсиъаи байналмилалии Амрикоро муттаҳам кардааст, ки аз ҳар гуна барномаи дарозмуддат дар бораи пружаҳои бозсозӣ дар Афғонистон маҳрум аст, ки ба гуфтаи ӯ дар бештари пружаҳо, истондордҳои сифатӣ риоя нашудааст.
Вай ба сохтусози ғайристандартии як поя барои низомиёни афғон дар вилояти Қундуз ( бо ҳазинаи 70 миллион доллар) ва се пойгоҳи низомӣ дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон аз суи Амрико ишора карда ва ҳушдор дод, ки ҳадди аққал 400 миллион доллар дар пружаҳои зербиноӣ дар соли молии 2011 ба далели заъф дар барномарезӣ, ҳамоҳангӣ ва иҷро дар Афғонистон, ғорат шуда аст. Бар асоси ин гузориш иддао шуда, ки Амрико аз соли 2001 беш аз 90 миллиард доллар барои ба истилоҳ бозсозии Афғонистон ихтисос додааст. Ҳарчанд, ки Сопку бояд ба ин масъала ҳам ишора мекард, ки Амрико дар ростои манофеи худ ва ба вижа ҳузури низомии дарозмуддат пас аз соли 20014, ин хароҷотро дар Афғонистон анҷом додааст.
Дуздӣ ба маблағи 475 миллион доллар
Гузориши Ҷон Сопеку дар ҳоле ба конгресси Амрико ироъа шуд, ки Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон барои гуфтугу дар бораи тавофуқномаи амниятӣ дар Вашингтон буд. Ин дар ҳоле аст ки бар асоси таҳқиқоти кумисиюни конгресси Амрико дар умури қарордодҳои низомӣ, ҳудуди 34 миллиард доллари ин кишвар ҳам дар ақди қарордодҳои низомӣ бо бахши хусусӣ дар ҷангҳои Ироқ ва Афғонистон ғорат шуда аст. Ҳамчунин ин иддао матраҳ шуда, ки Вашонгтон, рузона дар ҳудуди 28 миллион доллар барои ба истилоҳ бозрасии Афғонистон ва дар воқеъ барои суботи мавқияти худ дар ин кишвар, харҷ мекунад.
Хабаргузории "Ройтерз" ҳам гузориш додааст, ки бозрасони амрикоӣ, таҳқиқоте дар хусуси аз байн рафтани асноди хариди 475 миллион доллар сузишвории маркази фармондеҳии НАТО дар Афғонистонро оғоз кардаанд. Дар гузориши бозрасон омада аст, ки фармондеҳони омузишии НАТО ҳанӯз намедонад, ки миллионҳо литр маводи сӯхт ба куҷо рафта ва дар ихтиёри кадом неруҳо қарор гирифтааст. Бар асоси ин гузориш, Ҷон Сопеку дар номае, ки ба дафтари вазири дифои Амрико фиристода, навишат ки таҳқиқот дар мавриди сарнвишти 475 миллион доллар сузишворӣ дар Афғонистонро оғоз кардааст. Ба гуфтаи Сопеку, мақомҳои фармондеҳии CSTC-A тамомии асноди молии вобаста бо пардохти хариди маҷмӯъан 475 миллион доллар фаровардаҳои сузишворӣ барои артиши миллии Афғонистон аз таърихи октябр 2006 то феврали 2011-ро аз байн бурдаанд.
Гуфтанӣ аст дар августи 2012 низ идораи муштарак шаффофияте, ки муташаккил аз неруҳои низомии даҳ кишвар, аз ҷумла Амрико ва Англия аст ва дар ҳамоҳангӣ бо давлати Афғонистон барои ба истилоҳ коҳиши фасод, кор мекунад, эълон кард, ки даҳҳо шаҳрванди хориҷиро зарфи ду соли гузашта дар Афғонистон, дар иртибот бо фасод ва сӯиистифода аз манобеи молӣ мавриди пайгард қарор додааст.
Ба гуфтаи мақомот, ин идора аз оғоз ба фаъолият он то кунун қарордодҳои низомиро, ки бо ширкатҳои афғонӣ ва ё хориҷӣ имзо шуда буд, бо ҷиддият зери назат доштанд. Генерал Рики Водил, аз фармондеҳони НАТО дар идораи муштараки шаффофият гуфт, ки дар ин замина даҳҳо танро шиносоӣ карданд, ки дар фасод даст доштанд.
Ба гуфтаи Водил, қарордодҳое ба арзиши 30 миллиард долларро, ки ба 1500 ширкати афғонӣ ва хориҷӣ таалуқ дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар натиҷаи ин баррасиҳо, фаъолияти 20 ширкати ( даргири ин қарордодҳо) мутаваққиф шуда ва даҳҳо хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони амрикоӣ дар иртибот ба ин қазоё шиносоӣ ва муҷрим шинохта шуданд. Бо ин ҳама тавзеҳе дар мавриди маҳалли муҳокима ва чигунагии расидагӣ ба парвандаҳои ин афрод, ироъа нашуда аст.
Гуфтанӣ аст, ки эълони нигаронӣ дар бораи фасоди молӣ дар Афғонистон танҳо ба мақомоти амрикоӣ маҳдуд нест ва шуморе аз аъзои НАТО низ дар нишасти вазирони умури хориҷа узви ин созмон дар Брюссел дар аввалҳои декабри 2012, аз афзоиши густардаи фасоди идорӣ дар Афғонистон, ба шиддат ибрози нигаронӣ карданд. Дар ин замина, Андрес Фог Расмусен, дабири кулли НАТО бо ишора ба афзоиши фасод дар идороти давлатии Афғонистон, ин падида (фасод)-ро ҷурм хонд. Аъзои НАТО дар ҳоле, ки аз афзоиши фасоди густардаи идорӣ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ мекунанд, ки дар соли 2012, Афғонистон дар радаи нухусти кишварҳои олуда ба фасод қарор гирифтааст.
Албатта, мақомоти НАТО ва аз ҷумла Расмусен ба ин масъала ишора намекунад, ки ширкатҳо ва паймонкорони ин кишварҳои узви НАТО барои ба даст овардани қарордодҳои пурсуд дар Афғонистон ва низ иҷрои ноқиси пружаҳо, бо ришва додан ва низ ихтилос, заминаи густариши фасоди молӣ дар Афғонистон ва низ ғорати буҷаӣ тахсис ёфта, барои бозсозии ин кишварро фароҳам кардаанд.
Фасоди молии Пентагон ва буҷаи ҷанг
Дар ин росто мақомоти афғон, аз ҷумла Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, борҳо бар ин нукта таъкид карданд, ки дар фасоди молӣ ва идорӣ дар Афғонистон, ниҳодҳои хориҷӣ ва ғайри давлатӣ саҳми бузурге доранд. Мунтақидон мегӯянд, ҳамонанди идороти давлатӣ, дар шуморе аз ниҳодҳои ғайри давлатӣ ва хориҷӣ низ шаффофияти лозим дар заминаи чигунагии масрафи пулҳои кӯмакшуда ба Афғонистон, вуҷуд надорад.
Ба назар мерасад, ки тадовуми ҳузури низомии Амрико ва муттаҳидини он дар Афғонистон, ҷуз афзоиши хушунат ва куштори ғайри низомиён ва низ ғорати буҷаи ихтисосёфта барои бозсозии Афғонистон, чизе ба ҳамроҳ надоштааст. Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ки ин фасоди молӣ ончунон ошкор аст, ки ҳатто Ҷон Сопеку, бозраси амрикоӣ низ ночор ба эълони он шудааст. Дар айни ҳол неруҳои НАТО бо ҳамалоти рӯзафзуне рӯ ба рӯ ҳастанд ва ҳамин масъала фишорҳо барои хуруҷи зудтари неруҳои НАТО аз Афғонистонро афзоиш додааст.
Дар айни ҳол коҳиши буҷаи низомии Амрико дар Афғонистон боис шуда то барномарезони Пентагон ночор шаванд, то дар соли 2013 доираи амалиёти низомии Амрикоро маҳдуд намояд. Тибқи гузоришҳо дар ҳоле ки буҷаи дар назар гирифта шуда барои ҷанг дар Афғонистон дар соли 2012, ҳудуди 118 милиард доллар будааст.
Аммо дар соли 2013 ин буҷа ба ҳудуди 89 миллиард доллар коҳиш хоҳад ёфт ва ин ба он мафҳум аст, ки Амрико дар айни коҳиши шумори низомиёни худ ночор аст, ки амалиёти низомиёни худро маҳдуд ба анҷоми маъмуриятҳои омузишӣ кунад. Ҳарчанд дар стрптегияи Амрико дар ҷанги Афғонистон, ки соли 2011 тавассути Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико мунташир шуда буд, давлати Амрико эълон кард, қасд дорад ба тадриҷ неруҳои худро аз ин кишвар хориҷ кунад ва масъулиятҳои амниятиро ба неруҳои низомии афғон вогузор кунад.
Аммо бо вуҷуди тарҳҳои матраҳшуда, барои тағйири стратегии Амрико дар Афғонистон, ба назар мерасад. Вашингтон саъй дорад ҳузури худ дар Афғонистон то бо таваҷҷуҳ ба имзои паймони стротегии Амрико ва Афғонистон, ба сурати дигаре идома бахшад. Ин масъала боис шуда, то амрикоиҳо ба баҳонаи кӯмак ба неруҳои мусаллаҳи Афғонистон, иқдом ба сохт ё бозсозии пойгоҳҳое кунанд, ки бо таваҷҷуҳ ба паймони стротегӣ байни ду кишвар, аз соли 2014 метавонад дар ихтиёри неруҳои амрикоӣ қарор гирад. Пас, дарвоқеъ амрикоиҳо ба думболи манофеъи стратегӣ ва дарозмуддати худ дар Афғонистон ҳастанд.
Манбаъ: Хабаргузории Форс