Парлумони Афғонистон аз бемасъулиятии гурӯҳе аз вазирони кишвараш нигарон буда, тасмим дорад, то онҳоро аз вазифа сабукдӯш намояд. Ин навбат вакилони мардумии Афғонистон фаъолияти вазири дифоъи миллӣ, тиҷорат, иқтисод, обу барқ, маориф, инкишофӣ шаҳрӣ, маъдан, таҳсилоти олӣ, мубориза бо маводи мухаддир ва вазири фарҳангу иттилоти кишварашонро мавриди интиқод қарор додаанд. Тибқи қонунгузории Афғонистон парлумони ин кишвар ҳуқуқи бозхонди вазиронро дошта, тобистони соли 2012 вакилони мардумиаш вазири дифоъи миллӣ ва умури дохиларо барои пешгирӣ накардани ҳамлаи оташбори Покистон аз вазифа озод карданд. Чунин ба назар мерасад, ки новобаста аз вазъияти ноором вакилони мардумии Афғонистон аз салоҳиятҳои худ ба манфиати давлат истифода мекунанд.
Парлумони Тоҷикистон чӣ салоҳият дорад?Мавзӯъи бемасъулиятии вазирону раҳбарони идораҳои давлатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон низ яке аз масоили ҳассос ва пурсарусадо мебошад. Борҳо коршиносон ва ҳатто гурӯҳе аз масъулин фаъолияти бархе аз вазиронро мавриди интиқоди шадид қарор дода, талаби истеъфои онҳоро карданд. Вале бо таваҷҷӯҳ ба фарҳанги сиёсӣ, меъёри таъини мансабдорон ва низоми давлатдорӣ нигарониҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ атрофи фаъолияти вузаро то имрӯз ҷиддан дар парлумон мавриди баҳс қарор нагирифтааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки парлумони Тоҷикистон салоҳият дорад, то дар робита ба фаъолияти ин ё он раҳбари идораи давлатӣ изҳори нобоварӣ карда, пешниҳоде ҳаммонанд барои бозхонди мансабдор ба раисҷумҳур ирсол намояд. Мансабдорон дар Тоҷикистон аз ҷониби раҳбари ҳукумат таъин мешаванд, аммо Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад, то он фармони раисҷумҳурро тасдиқ накунад. Новобаста аз ин салоҳият, давоми фаъолияти худ парлумони Тоҷикистон боре ҳам таҷрибаи рад кардани таъиноти раисҷумҳур ва ё пешниҳоди бозхонди вазиреро амалӣ накардааст.
Муҳиддин Кабарӣ, раҳбари ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон мегӯяд, ки дар умум Маҷлиси намояндагон тибқи салоҳияти конситутсионии худ амал карда, омили аслии чунин таҷриба надоштани МН ин аъзои як ҳизб будани ҳукумат ва аксарияти вакилон мебошад.
"Чӣ гуна парлумоне, ки тобеъияти пурра аз ҳокимияти иҷроия дорад метавонад нисбати вазирон, ки онҳо ҳам аъзои ин ҳизби ҳоким ҳастанд изҳори нобоварӣ кунад. Аз рӯи мантиқи назариявӣ ҳам ин имкон надошта, фикр накунам, ки дар оянда чунин таҷриба сурат бигирад", изҳор дошт раҳбари ҲНИТ.
Парлумони Тоҷикистонро иродаи сиёсӣ лозим астДар ҳамин маврид Сӯҳроб Шарипов, вакили дигари парлумон Тоҷикистон гуфт, ки илова бар яккаҳизбии парлумон ҳамчунин фарҳанги сиёсии кишвар иҷоза намедиҳад, то парлумон аз ҳуқуқҳои конситутсионии худ истифода кунад. Ба бовари номбурда фарҳанги сиёсӣ ҳоло дар он сатҳе қарор надорад, ки ҳокимияти қонунбарор бо ҳокимияти иҷроия баҳсҳое анҷом бидиҳад. Албатта парлумон имконият дорад, то дар бораи фаъолияти мансабдоре ба президент гузориш дода, бозхонди он раҳбари идораро пешниҳод намояд. Аммо ин кор амалӣ намешавад.
"Барои роҳандозии чунин таҷиба парлумонро иродаи сиёсӣ лозим аст. Агар дар ҳамин вазъият чунин як пешниҳодеро мо ба раисҷумҳур ирсол кунем, бовар дорам, ки нухбагони сиёсӣ, коршиносону хабарнигорон онро ҷанг миёни ду ҳокимият эълон мекунанд, ки чунин бардошт ба субботи кишвар хатар дорад", изҳор дошт вакил аз ҲХДТ.
Сӯҳроб Шарипов дар идома гуфт, ки танҳо ба хотири роҳ надодан ба бӯҳрони сиёсии кишвар парлумон аз истифодаи ин салоҳияташ худдорӣ мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲУСДТ дар Тоҷикистон парлумон ба маънои том вуҷуд надорад. Ҷаноби Зойиров мегӯяд, ки чӣ гуна метавонад аз мавҷудияти парлумоне ҳарф зад, вақте дохили он фраксияҳои рақобатпазир вуҷуд надошта, 90 дарсади вакилони мардумӣ аъзои ҳизби ҳоким ҳастанд.
Яккаҳизбӣ монеаи рушди парлумон шудаастПарлумон дар ҳамон сурат метавонад рушд ёфта, фаъолияти муасссир дошта бошад, ки агар намояндаҳои он воқеан аз ҷониби мардум интихоб шаванд. Аммо парлумоне, ки танҳо 10 дарсади вакилонаш метавонанд озодона мавқеъгирӣ кунанд, чӣ гуна метавонад барои бозхонди вазирони ноӯҳдабаро ба раисҷумҳур пешниҳоде ирсол намояд.
"Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти кишвар умед бастан ба фаъолияти муассири парлумон барои бозхонди мансабдорони ноӯҳдабаро ҳанӯз барвақт аст. Метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳокимияти иҷроия ҳокимияти қонунбарорро дар назар намегирад. Зеро чанд маротиба ҳукумати Тоҷикистон чанд тан аз вакилони мардумиро ба корҳои дигар гузаронида, ҳатто иҷозаи парлумонро напурсидааст. Аз ин бармеояд, ки мувозинат миёни ҳокимиятҳои давлатӣ нигоҳ дошта намешавад", мегӯяд Раҳматилло Зойиров.
Номбурда дар идома изҳори нигаронӣ аз он кард, ки дар Тоҷикистон ба монанди кишварҳои ғарб низоми сарқонун устувор набуда, ҳокимият бештар аз шахсиятҳои алоҳида вобаста аст. Вақте парлумон ба қабули қонунҳои ношаффоф машғул аст, талаби бозхонди вазирони бемасъулият аз ҷониби ин ҳокимият хушбоварие беш нахоҳад буд. Ба сифати далели ин суханҳо раҳбари ҲУСДТ аз пулакӣ гардидани роҳи Душанбе-Хуҷанд ва ба ҷавобгарӣ накашидани М. Алдимардонов барои ғайримақсад истифода шудани 1,5 милиард доллар мисол овард. Раҳматилло Зойиров мегӯяд, агар парлумон воқеан мустақилона фаъолият дошт, пас ҳатман барои ба истеъфо фиристодани гурӯҳе аз мансабдорон ба ҳукумат пешниҳоде ирсол мекард.
Мушкилоте, ки парлумон аз он намегӯядКоршиносон бар ин назаранд, ки парлумони Тоҷикистон ҳамеша вобаста аз ҳукумат буда, бо ангушти ишораи ҳизби ҳоким фаъолият дорад. Дар сурати ғайр ҳадди ақал барои сабукдӯш гардидани вазири саноат ва мудофиаи кишвар талоше анҷом медод. Ба бовари таҳлилгарон давоми 10 соли охир бо вуҷуди вуруди сармояҳои зиёд, бунёди нерӯгоҳҳои хурд бо суръати суст идома дошта, мушкилоти норасоии барқ ҳамоно ҳалли худро пайдо накардааст. Соҳаи саноат ба ҷои пешрафт рӯз ба рӯз бадтар шуда истодааст, аммо вазири энергетика ва саноат ҳамоно дар курсиаш қарор дорад. Вазъи тандурустӣ ва маориф низ торафт нигаронкунанда мегардад, вале роҳбаронаш гуё ҳеч камбудие надошта бошанд ва касе намепурсад, ки чаро вазъ чунин аст? Дар робита ба бахши мудофиа коршиносон аз баргузории амалиёти низомӣ дар Рашту Хоруғ ва хомӯшии парлумон дар ин маврид мисол оварданд.
Имрӯз шумораи мухоҷирон аз 1 ба 2 милион расид, ин аз он мегӯяд, ки вазъи иҷтимоӣ дорад бадтар мешавад, аммо масъулини тоҷик гӯё ҳеч дахле ба рушд накардани кишвар надошта бошанд. Мантиқан низ қафомондагии ҳамаҷиҳатаи Тоҷикистон бармехурад ба корношоямӣ ва пасти сатҳи мудирият дар ҳукумати Тоҷикистон. Вале парлумон боре ба ин масъала дахл накардааст. Боре ҳеч кадом аз намояндаҳои парлумон ба ҷуз ду се намояндаи мухолиф нагуфтааст, ки фалон роҳбар сабаби қафомонии кадом як соҳа гардида ва бояст ба истеъфо равад. Ҳоло суоле ҷавоб мехоҳад, ки оё метавон чунин парлумонро мардумӣ ва намояндаҳояшро намояндаи мардум номид?
Ҳумайрои БАХТИЁР